"Ал-Ҳол"-ро аз ДОИШ-иҳо пок мекунанд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Размандагони курди таҳти ҳимояти Амрико дар Сурия дар яке аз урдугоҳҳое, ки хонаводагони ҷангҷӯёни гуруҳи ДОИШ зиндагӣ мекунанд, амалиёти фарогиреро ба зидди аъзои ин гуруҳ оғоз кардаанд. Дар ин урдугоҳ дар ҷанубушарқи Сурия ҳануз ҳам даҳҳо занони тоҷик нигаҳ дошта мешаванд.