Барандагони мусобиқа барои ҷоизаҳои Юсуф Абдусаломов маълум шуданд

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии озод барои дарёфти ҷоизаҳои Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Пекин-2008, дар шаҳри Душанбе бо ширкати 77 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар баргузор шуд.

Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW) дар даҳ вазн миёни мардон доир гардид. Ҳамаи ғолибон варзишгарони Душанбе мебошанд: 57 кг - Зиёдулло Ҳукуматов, 61 кг - Муҳаммад Наимов, 65 кг - Комрон Холов, 70 кг - Алиризо Баҳромов, 74 кг - Саидасан Ашрафхонов, 79 кг - Муҳаммадамин Абдуллоев, 86 кг - Абдубашир Бобоҷонов, 92 кг - Бахтовар Ғафуров, 97 кг - Амирҷон Сангов, 125 кг - Раҳмон Маҳмадбеков.

Ҳолнома

Юсуф Абдусаломов 8-уми ноябри соли 1977 дар Доғистони Русия таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Доғистон мебошад. Аз 12-солагӣ ба гуштӣ машғул шудааст.

Юсуф Абдусаломов дар давраи солҳои 2000-2013 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии озод буд ва соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар вазни 84 кило медали нуқра ба даст овард.

Ӯ ҳамчунин барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон (2007, Боку), медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ (2002, Бусани Кореяи Ҷанубӣ), медали тиллои қаҳрамонии Осиё (2003, Деҳлӣ) ва ду медали биринҷии қаҳрамонии Осиё (2008, 2012), ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ дар Душанбе (2003) мебошад.

Пас аз анҷоми фаъолияти варзишӣ аз соли 2013 то соли 2021 - сармураббии дастаи мунтахаби Полша (Лаҳистон) буд ва моҳи ноябри соли 2021 сармураббии дастаи мунтахаби Руминия оид ба гуштии озод таъин шуд, ки қарордоди ба имзо расондааш ҳашт солро дарбар мегирад.

Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов 2-юми сентябри соли 2008 бо Ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз шудааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд – 3 духтар, 1 писар.

Юсуф Абдусаломов.

Зимнан, Юсуф Абдусаломов дар Бозиҳои олимпӣ се бор ҳамчун варзишгар дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон ширкат кардааст. Бояд тазаккур дод, аз чаҳор медали дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ягона медали нуқраро Юсуф Абдусаломов ба даст овардааст.

"Орзу доштам, ки қаҳрамони олимпӣ ва ҷаҳон шавам, вале орзуям амалӣ нашуд. Аз ин рӯ, мекӯшам, ки шогирдонам ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф гарданд”, - гуфт Юсуф Абдусаломов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Юсуф Абдусаломов зодаи рустои Ансалтаи Доғистон аст, рустое, ки чун рустоҳои Тоҷикистон дар канори кӯҳистон доман густурдааст. “Тоҷикистон ватани дувуми ман аст, дар он ҷо дӯстони зиёде дорам ва оё метавонам аз онҳо дил биканам? Охирин бор дар Тоҷикистон соли 2012-ум будам. Вале аз серкорӣ ҳоло наметавонам ба Тоҷикистон равам. Ҳамин ки фурсат ва имконият пайдо шуд, албатта ба дидорбинии дӯстонам меравам ”, - иброз дошт Юсуф Абдусаломов.

Юсуф ситоишро дӯст намедорад, метавонад дили ҳар касро ба даст оварад ва ҳамчунин шикоят кардан ҳам барояш бегона аст. Вақте ки баъд аз Олимпиадаи Пекин ба Юсуф Абдусаломов дар Душанбе хона надоданд, ӯ лаб ба шиква накушод ва ҳатто озурда шудан ё нашудани худро ошкор ҳам накард.

Вай барои Тоҷикистон хизмати бузург кардааст ва аммо на ҳама вақт подош мусовӣ ба хидматаш буд. Вай интизор буд, ки масъулини варзиши Тоҷикистон ба ӯ мақоме, шояд мақоми сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди кишварро пешниҳод мекунанд, аммо аз сӯи масъулин ишорае нашуд.

Юсуф Абдусаломов мегӯяд, дар Тоҷикистон ба варзиш кам аҳамият медиҳанд, ҳарчанд дар бораи таваҷҷуҳ ба он зиёд ҳарф мезананд. Ба гуфтаи ӯ, “дар кишвар иқтисод заиф аст ва он ҷое, ки рушди иқтисодӣ нест, равнақ додани варзиш душвор аст, зеро варзиши ҳирфаӣ масрафи зиёдро тақозо дорад. Аз ин рӯ, дар се Олимпиада, ки аз Тоҷикистон намояндагӣ мекардам, бисёр вақт маҷбур будам барои хароҷоти сафар ва ширкат дар қувваозмоиҳо худам маблағ пайдо кунам."

Як мушкили дигар, аз нигоҳи гуштигири маъруф он аст, ки дар Тоҷикистон як низоми воҳиди омодасозии варзишгарон мавҷуд нест ва масъулини варзиш бештар ба тасодуф умед мебанданд.

“Шахсиятҳои алоҳида, ҷавон ё духтари боистеъдод метавонад мустақилона ба комёбие ноил шавад, аммо система кор намекунад ва аз ин рӯ масъулини варзиш ба он умед мебанданд, ки дар ҷое корашон омад мекунад, дар ҷое қуръапартоӣ ба нафъашон мешавад ва ё дар ҷое худи варзишгар бо истеъдоди баландаш пирӯзӣ ба даст меоварад.”

Ба гуфтаи Юсуф Абдусаломов, дар Тоҷикистон гуштигирони боистеъдод хело зиёданд ва умедвор аст, ки чанд нафари онҳо метавонанд қуллаҳои баландро фатҳ кунанд.

“Дар Тоҷикистон намудҳои дастаиро инкишоф додан мушкил аст. Ва аммо ба гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, ҷудо, бокс таваҷҷуҳи мақомот бояд зиёд бошад, зеро ки аз ин намудҳо метавон ба натиҷаҳои баланд ноил шуд”, - гуфт Юсуф Абдусаломов.