Ин нақшаи ояндаи Самӣ Шарифзода, иштирокчии ҷанги Афғонистон аст. Ӯ моҳи марти соли 1981 ба сафи нерӯҳои Шӯравӣ даъват шуда, ду сол дар Афғонистон ҷангидааст. Давлати Тоҷикистон ба ӯ ҳамчун иштирокчии ҷанг "таъмини дараҷаи шоистаи зиндагӣ"-ро кафолат медиҳад, вале Шарифзода мегӯяд, кофӣ нест.
"Тасмаҳоро бандед, дар Кобул фуруд меоем"
Самӣ Шарифзодаи 59-сола дар Душанбе таваллуд шуда, ҳамин ҷо зиндагӣ дорад. Вай дар як суҳбат ба мо нақл кард, ки чӣ гуна ба сарбозӣ даъват ва ба Афғонистон фиристода шуд.
"Соли 1980 ба факулати саноативу омӯзгории Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе дохил шудам. Моҳи марти соли 1981 даъватномаи сарбозӣ омад. Аз Душанбе ба Тирмизи Узбекистон бурданд. Ҳарчанд дар матбуот расман хабар намедоданд, медонистем, ки Шӯравӣ дар Афғонистон ҷанг мекунад. Воҳимааш омада буд. Дар Тирмиз ду моҳ тайёрӣ дидем. 25-уми май дар ҳавопаймо шинонда, гуфтанд, ба Лаҳистон меравед. Баъди як соати парвоз эълон карданд, ки тасмаҳои бехатариро бандед, дар Кобул фуруд меоем," – ба ёд овард ӯ.
Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон як узви он буд, аз соли 1979 то 1989 дар Афғонистон ҷанг кардааст. Сарбозони тоҷик дар ҳайати нерӯҳои Шӯравӣ дар ин ҷанг иштирок доштанд. Дар ҷанг бештар аз 15 ҳазор сарбози Шӯравӣ кушта шудаанд, ки дар миёнашон тоҷикистониҳо низ буданд.
Самӣ Шарифзода нақл мекунад, ки ҳавопаймои шаҳрандии Ту-154 ҳомили тақрибан 150 сарбоз дар фурудгоҳи Багроми наздикии шаҳри Кобул фуруд омадааст. "Қисми низомӣ дар наздикии қасри Амин ҷойгир буд. Ба амалиёт мефиристоданд, ду-се моҳ иштирок мекардему барои як-ду ҳафта ба қисми низомӣ меомадем. Бештари вақт дар Панҷшер амалиёт анҷом медодем," - гуфт Самӣ Шарифзода.
Ҷанг ба зидди кӣ?
Бино ба нақли вай, он замон сарбозони тоҷикистонӣ огоҳ набуданд, ки дар Афғонистон дар воқеъ зидди кӣ меҷанганд. "Дар дарсҳои сиёсӣ ба сарбозон мегуфтаанд, ки зидди "босмачиҳо" ва "муҷоҳидон" меҷанганд," -- ба ёд овард Шарифзода.
"Дар солҳои охир гоҳ-гоҳе садо медиҳад, ки тоҷикҳо дар Афғонистон зидди ҳаммиллатону ҳамзабонону ҳамдинони худ ҷангиданд. Оё сарбоз ба ҷуз аз иҷрои фармон интихоби дигар дорад?! Ҳоло метавонӣ аз сарбозӣ сар печӣ; ё ба Русия мегурезӣ ё пинҳон шуда мегардӣ. Дар давраи Шӯравӣ ин хел набуд, даъватнома меомад, илоҷи дигар надоштӣ," -- гуфт Шарифзода.
Ба гуфтааш, дар он ҷанг се дафъа захмӣ шудааст ва се бор ҳам дар Панҷшер. Аз пову китф, ки ҳамоно ҷойи захмҳо дард мекунанд ва рӯзҳои сахти ҷангро пайваста ба ёд меоранд. Шарифзода мегӯяд, дар китфи росташ тир расид ва дар монд. Он тирро берун овардаву дар давраҳои баъди ҷанг дар гарданаш меовехтааст.
"Дар болои кӯҳу камар будем, на беморхона буду на табиб. Бо гулу гиёҳ ва мумиё худро табобат мекардем. Як захм мебардоштӣ, то 2-3 моҳ давом мекард. Се бор захми кироӣ бардоштам, вале ҳеч куҷо сабт нашудааст, ки ман захмӣ шудаам," - нақл кард Шарифзода.
Билохира, ӯро моҳи июли соли 1983 рухсат доданд. Самӣ Шарифзода ба Душанбе баргашта, таҳсилашро дар Институти саноату омӯзгории Душанбе давом додааст. Баъди хатми донишкада, дар омӯзишгоҳи рақами 4 дар шаҳри Душанбе як сол омӯзгорӣ кардааст.
"Се донишҷӯро задам, асабҳоям набардошт. Роҳбарон гуфтанд, ки омӯзгорӣ кори ту нест. Гуфтам, гапро гӯш намекунанд донишҷӯҳо. Дасти якеашро шикастам. Аз омӯзишгоҳ сабукдӯш карданд. Баъд ду сол дар як омӯзишгоҳи дигар посбон будам. Аз он ҷо ҳам баромадам. Бекор мондам. Аз соли 1992 то ҳоло ба таъмири мошин - рангсозӣ машғулам," - нақл кард Самӣ Шарифзода.
Шарифзода аз ин шуғл зидагиашро мечархонад. Мегӯяд, моҳе ду-се мошин ранг мекунад, моҳе ҳеч супорише намегирад. Ба ҳамин далел, гоҳе зиндагиаш ба сахтӣ пеш меравад.
“Кумакҳо барои шумо нест”
Ба иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, дар баробари иштирокчиёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, садамаи Чернобил ва қаҳрамонони меҳнати Шӯравӣ як теъдод имтиёзҳо пешбинӣ шудааст. Табобату истироҳат, нақлиёти ройгон, имтиёз дар пардохтҳои коммуналӣ, билети бепул ё 50-дарсадӣ ба қатораву ҳавопаймо аз ҷумлаи ин имтиёзҳо ҳастанд.
Шарифзода мегӯяд, аз маҷмӯи ин имтиёзҳо аз пардохтҳои коммуналӣ ва корти нақлиёти ҷамъиятӣ бархурдор аст, ки он ҳам танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба кор меояд.
"Табобату истироҳат нагирифтаам, рости гап. Як поям мелангад, ҷойҳои дигари захм азоб медиҳад. Сиҳатии равонӣ ҳам чандон хуб нест. Як-ду бор барои истироҳат муроҷиат кардем, мегӯянд, дар навбат истед. Ба ҳамин тамом. Барои мо дар шаш моҳ як бор ташхис бепул аст, аммо духтурҳои ҷавон ташхис мекунанду чизеро намефаҳманд. Нарафтан беҳтар аст," - гуфт Шарифзода.
Иштирокчии ҷанги Афғонистон мегӯяд, аз расонаҳо мешунавад, ки дар арафаи иду ҷашнҳо барои табақаи онҳо кумакпулӣ ҷудо мешавад, аммо "вақте меравем назди ҳукумат, мегӯянд, ин барои маъюбҳост, барои Шумо нест. Ҳамин қадар ҷавоб мешунавем."
Набудани ҷойи кори доимӣ, фароҳам набудани "дараҷаи шоистаи зиндагӣ", таъмин набудани табобату истироҳат, ин иштирокчии ҷанги Афғонистонро ба хулоса расонидааст, ки ба Русия кӯчад. Ба гуфтааш, дар Русия ба иштирокчиёни ҷанги Афғонистон шароити беҳтаре фароҳам овардаанд.
"Як ҳамхидматам дар онҷо аст, хона харидааст. Ваъда дод, ки маро наздаш мебарад. Ду-се соли дигар то нафақа вақт ҳаст. Мераваму ҳамон ҷо кор мекунам ва ба нафақа мебароям," - бо қатъият гуфт Самӣ Шарифзода.
Ба навиштаи расонаҳо, аз Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор сарбоз дар сафи нреӯҳои Шӯравӣ дар Афғонистон ҷангидаанд. Аз онҳо 366 кас дар Афғонистон кушта шуда, беш ҳазор тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун баргаштаанд.
Наворро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад