Муҳоҷирони тоҷик ба Маскав дер расиданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Беш аз 50 муҳоҷире, ки аз кори як ширкати мусофирбарӣ шикоят доштанд, пас аз як ҳафта аз Душанбе ба Маскав расиданд. Ширкат ба онҳо ваъда дода буд, бо нархи арзон ва дар се рӯз то Русия мерасонад, аммо мусофирбар дар роҳ вайрон шуд ва муҳоҷирон саргардон. Ширкати “Сафар” мушкилро техникӣ номид.