Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии "Красное Село", дар канори шаҳри Санкт-Петербург, мегӯянд, ки дар шароити баде ҳастанд, аммо касе ба додашон намерасад. Онҳо ба вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия муттаҳаманд. Дар Консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург гуфтанд, аз қазия хабар доранд.
"Яке пиру дигаре – бемор"
Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик рӯзи 29-уми август бо фиристодани наворе аз боздоштгоҳи "Красное Село" гуфтанд, ки зиёда аз як моҳ боз дар онҷо банд мондаанд.
"Як бародари мо қариб 60-сола аст, азоб мекашад. Яке дигар бемории шуш дорад, хобидааст. Шароити хӯрду хоб бад аст. Мақомоти Тоҷикистон ба доди мо расед. Инҷо ягон кас одам накуштааст, ҳама ба сабаби регистратсия (сабтином) инҷо ҳастанд," – паём додааст муаллифи навор.
Шумораи муҳоҷирони тоҷик дар ин боздоштгоҳ тақрибан 50 нафар гуфта мешавад. Мақомоти Русия мегӯянд, онҳо иҷозаи кору иқомат надоштанд ва бинобар ин ихроҷ карда хоҳанд шуд.
Дар консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург гуфтанд, аз боздошти муҳоҷирони тоҷик огоҳанд, вале ихроҷи онҳо аз Русия баъд аз қарори додгоҳ имконпазир мешавад.
"Сахт аст, вале мисли зиндон нест"
Ҳомидҷон Назарӣ, консули генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, рӯзи 29-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳақ доранд, дар се моҳ як бор муҳоҷиронро дар боздоштгоҳ бинанд.
Ба нақли ӯ, "ҳарчанд қоидаҳои нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳи мазкур сахт аст, мисли зиндон нест. Боздоштшудаҳо шароити хобидан доранд. Ба онҳо хӯрок медиҳанд. Телефон медиҳанд. Муҳоҷирони мо баъзан муносибати нодуруст мекунанд."
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Корманди дигари консулгарии Тоҷикистон гуфт, дар аввал муҳлати ихроҷи муҳоҷирон се моҳ дароз мекашид, "вале ҳоло то як моҳ кам карда шудааст". Баъзе аз муҳоҷирони дастгиршуда мегӯянд, онҳо чиҳил рӯз боз дар Боздоштгоҳи "Красное Село" ҳастанд.
Дар чанд соли охир наздик ба 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ронда шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон бар инанд, ки дар аксар маврид шаҳрвандони Тоҷикистонро бе ягон қонуншиканӣ ва бо баҳонаҳои ночиз меронанд.
Қарор бо пешниҳоди пулис
"Бо як қонуншикании хурд муҳоҷиронро аз Русия меронанд. Барои мисол, сари вақт муҳоҷир натавонист, худро дар ҷойи зист сабтином кунад ё сабтином карду бо сабабҳои техникӣ дар пойгоҳи маълумот набаромад," – шарҳ дод ҳуқуқдон ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Бахтовар Ҷумъаев.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, дар додгоҳ бештар ба маводи пешниҳодии маъмурони пулис такя мекунанд, ки "на ҳамеша воқеият дорад". "Дар додгоҳ аксаран маводи пешниҳодии вакилони мудофеи муҳоҷирон қабул намешаванд," – илова кард Ҷумъаев.
Мақомоти Русия мегӯянд, ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар онҷо кору иқомат доранд. Муҳоҷирон пайваста аз нақзи ҳуқуқашон дар Русия шикоят доранд ва мақомоти Тоҷикистонро ба бепарвоӣ ва ҳимоят накардан аз онҳо танқид мекунанд.