Тоҷикистон бо лампаҳои "кушанда" чӣ хоҳад кард?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ду миллион лампаи каммасрафи симобдор, ки мақомот замоне мардумро ба истифодаи он маҷбур карданду ҳоло мегӯянд, аз он даст кашед, дар анборҳои Тоҷикистон "хуфтаанд". Баъзе аз экологҳо симоби дохили лампаҳоро ба ҳаёти сокинон хатарзо медонанд.