Сокинони деҳае дар шаҳри Турсунзода мегӯянд, 80 дарсади мардонашон тарки ватан карданд ва бори зиндагӣ асосан ба дӯши занон уфтодааст. Дар ин деҳа кӯдакон ва мардони солхӯрдае ҳастанд, ки тавони ба муҳоҷират рафтанро надоранд.
Садоқат Холова, сокини 38-солаи деҳаи Хуррамзамин, солҳост, бе шавҳар зиндагиро пеш мебарад ва ягона духтарашро ба танҳоӣ бузург мекунад. "Ман бо занҳое кор мекунам, ки баъзеашон шавҳар доранд, бархеашон надоранд. Мо рафта мардикорӣ мекунем. Ман талош мекунам, пули занҳоро саривақт аз деҳқонҳо гирифта диҳам," -- нақл кард ӯ.
Аксар занҳои деҳаи Хуррамзамин дар киштзорҳои деҳқонҳои маҳаллӣ кори мавсимӣ пайдо кардаанд. Бо маоши кам, вале як шуғле барои зиндагӣ. Садоқат раҳбарии ин гурӯҳи занҳоро ба дӯш дорад. Миёни занҳо ва соҳибони заминҳои кишоварзӣ миёнаравӣ мекунад.
"Кор осон нест. Ҷое мешавад, ки дохили об мешавем. Дар гармову сармо ва зери борон кор мекунем. Бо ин ҳама, шукр мекунем," -- гуфт ӯ.
Аксҳои бештарро инҷо бинед:
Зӯҳро Тошева дар Хуррамзамин зердасти Садоқат аст. Шавҳари ӯ солҳо боз дар Русия аст: "Як духтар дорам. Духтарамро ҳам ба кишти пиёз ҷалб кардам. Баробари худам кор мекунад. Ҳам кори кори саҳро ва ҳам кори рӯзгорро ҳарду пеш мебарем."
Дар киштзорҳои деҳаи Хуррамзамин аксаран занҳо машғули коранд. Бештари мардони пиронсол саробони келину набераҳояшон шудаанд.
Абдукарим Ҷӯраев, сокини деҳаи Хуррамзамин, мегӯяд, баъзеҳо ду-се бачаи худро гузошта рафтаанд. Пиронсолон монданд. Зиндагӣ кардан даркор. Муҳоҷирон инҷо кор кардан намехоҳанд. Медонанд, ки кор бисёр аст. Дар онҷо як кор мекунанд – ба завод мераванду меоянд – хоб."
Писари ин марди 67-сола низ ба муҳоҷират рафтаву барнагаштааст: "Як писари худам 7 сол боз нест. Кӯдаконаш ҳамин ҷо мондаанд. 5 ҳазор рубл мефиристад, ки ба зиндагияш намерасад. Рафта овардани худаш 15–20 ҳазор рубл мефарояд."
Наздик ба 50 дарсади аҳолии Тоҷикистонро занҳо ташкил медиҳанд. Аксар мардони тоҷик ба далели бекорӣ дар ватан барои кор ба Русия мераванд. Ҳудуди як миллион тоҷикистонӣ дар Русия муҳоҷиранд, ки беш аз 70 дарсадашон мардонанд.
Наворро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад