Додгоҳе дар Австралия муҳокимаи парвандаи донишмандеро аз Тоҷикистон ба анҷом расонида, ӯро ба “таблиғи терроризм” тавассути шабакаи YouTube гунаҳкор донист ва ба 3,5 сол зиндон маҳкум кард.
Абдусалом Одиназода то замони ҳабсаш дар моҳи декабри соли 2020 дар донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ кор мекард. Вебсайти www.abc.net.au рӯзи 26-уми август навишт, Одиназода метавонад, моҳи августи соли оянда шартан озод шавад.
Додгоҳ дар ҳукми худ гуфтааст, Одиназода дар саҳифааш дар YouTube аз моҳи январи соли 2019 то замони ҳабс дар моҳи декабри соли 2020 наворҳои зиёде нашр кард, ки тавассути он “мусалмононро ба сарнагунии ҳукумати Тоҷикистон ва эҷоди хилофат даъват мекард”.
Додгоҳ гуфтааст, ӯ “дар бораи илҳомбахш будани “Толибон” дар Афғонистон ва ҳам гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия бисёр сӯҳбат мекард”. Ин видеоҳо, ба навиштаи манбаъ, беш аз 1,6 миллион бор дида шудаанд ва 78 дарсади тамошобинонаш дар Русия ва 12 дарсадашон дар Тоҷикистон будаанд. "Бисёре аз наворҳои видеоии Одиназода тамошобинонро ба дастрасӣ ба силоҳ, қудрат ва нуфуз ба хотири таъсиси артиш ташвиқ мекард," -- илова кардаанд дар додгоҳю.
Муфаттишон бори аввал моҳи апрели соли 2020 ба хонаи Одиназода дар Австралия рафта, хонаву мошини ӯро ҷустуҷӯ ва телефони мобилу лептоп ва сахтафзори компютерашро мусодира карданд. Таҳқиқи парвандаашро Полиси федеролии Австралия, Созмони амнияти иттилоии Австралия ва ҳам полиси Австралияи Ғарбӣ пеш бурдаанд.
Муаллифи мақола менависад, Одиназода дар сӯҳбатҳои аввалия бо муфаттишон ваъда додааст, ки саҳифаашро дар YouTube мебандад, вале шаш ҳафта баъд дубора онро фаъол кардааст.
Маълум нест, ки оё дар сухани охиринаш дар додгоҳ Одиназода чӣ гуфт, вале оғози моҳи август, вақте ӯро бар асоси 15 навори видеоиаш дар 18 мавриди қонуншиканӣ, аз ҷумла, ташвиқу пуштибонии терроризм гунаҳкор ва 6,5 соли ҳабсро талаб карданд, худро гунаҳкор эътироф кардааст. Бо назардошти мӯҳлати нигаҳдориаш дар ҳабс дар давраи тафтишот, мӯҳлати умумии ҳабси ҳатмии ӯ бояд 2 солу ҳашт моҳро дар бар гирад ва ӯ метавонад моҳи августи соли оянда шартан озод шавад.
Маълум нест, ки дар ҷаласаи оирини додгоҳаш Одиназода чӣ гуфт, вале матлаби вебсайти австралиягӣ мегӯяд, ин шаҳрванди собиқи Тоҷикистон ба додрас шикоят кардааст, ки дар дохили зиндон бо ҳолатҳои табъйизу таҳдиди ҷонибдорони ақидаҳои бартарияти нажодӣ рӯбарӯ шудааст.
Абдусалом Одиназода 54 сол дошта бо ихтисоси биохимик давоми даҳ сол дар донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ кор мекард. Баъди боздошту эълони иттиҳом ӯро "хатарноктарин сокини аёлат" номиданд.
Мавқеи ҳукумати Тоҷикистон ба ҷараёни кунунии қазияи Одиназода рӯшан нест, вале чор сол пеш мақомоти тоҷик низ Абдусалом Одиназодаро ба "даъвати оммавӣ барои сарнагунии ҳукумат" ва "даъват ба ифротгароӣ тавассути Интернет", муттаҳам карда буданд.
Аммо дар чанд мавриде, ки Одиназода аз раҳбарони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ танқид кард, саҳифаҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон наворҳои ӯро бознашр ва аз худи ӯ ситоиш намуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Одиназодаро дар Австралия 6 сол зиндон таҳдид мекунадПас аз 11 моҳи таҳқиқ парвандаи Абдусалом Одиназода дар Австралия "сангинтар" шудаастАбдусалом Одиназодаро дар Австралия боздошт ва ба "тарғиби терроризм" айбдор кардаандЭшони Сироҷиддин Интернетро "вабои аср" номид ва дар посух чӣ шунид?Мулло Садриддин, ки бо ваъдаи афв баргашт, 12 сол зиндонӣ шуд. САДО