"Онҳо ҳам ҷанг доранд, мо ҳам." Паноҳанда дар Аврупо, вале бо сарнавишти номаълум. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Намедонанд фардо онҳоро чӣ интизор хоҳад буд

Паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Олмон шикоят доранд, ки пас аз омадани фирориёни украинӣ “дар ҳошия” мондаанд. Мегӯянд, барои украиниҳо имтиёзу имкониятҳои хуби кору зиндагӣ дода мешавад, аммо онҳо бо сарнавишти номуайян ва мушкилоти зиёде танҳо ҳастанд.

Кӣ чӣ имтиёз дорад?

Гуруҳе аз ҷавонони афғонистонӣ баъд аз талоши чандмоҳа тавонистаанд, ба Олмон бирасанд. Ҳоло дар як урдугоҳе дар шаҳри Зост зиндагӣ доранд. Онҳо мегӯянд, баъди ба қудрат расидани гуруҳи тундрави Толибон дар моҳи августи соли гузашта аз ватан фирор карданд.

Дар Олмон ҳам зиндагӣ барои онҳо осон нест ва ба чандин мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Ба гуфтаи ин паноҳандаҳо, муносибати мақомоти ин кишвар бо онҳо аз паноҳҷӯёни украинӣ фарқ мекунад.

Шариф Аюбзай, паноҳандаи афғон, гуфт, “онҳо ба нақлиёти ҷамъиятии бепул дастрасӣ доранд, мо ҳатман билет гирем. Ба онҳо симкорти бепул дода мешавад, вале мо чунин имтиёз надорем. Онҳоро дар паноҳгоҳҳое ҷой мекунанд, ки шароити хуб доранд, ҷойи мо барои зиндагӣ мувофиқ нест.”

Вазорати умури дохилӣ ва кор бо ақаллиятҳои Олмон мегӯяд, тибқи қарори Шӯрои Иттиҳоди Аврупо аз моҳи марти имсол ба паноҳандаҳои украинӣ ҳаққи иқомат дода мешавад. Тибқи он, паноҳҷӯён ҳаққи соҳибкорӣ доранд ва аз имтиёзҳои иҷтимоӣ баҳраваранд.

Мақомоти Олмон мегӯянд, имтиёз ба тамоми паноҳандаҳо дар доираи қонун ва баробар пешниҳод мешавад.

“Байни мо фарқе нест, вале...”

Ба паноҳандаҳои украинӣ баробари ворид шудан ба Олмон ва кишварҳои дигари аврупоӣ ҳимояти муваққатӣ пешниҳод мешавад. Паноҳандаҳои афғон бояд раванди пешниҳоди дархост ба паноҳандагиро гузаранд.

Келли Бешерер, корманди Маркази тамос ва машварат барои гурезаҳо ва муҳоҷирон дар Олмон, гуфт, “мо хушнудем, ки як мақоми муваққатие ҳаст, ки украиниҳоро ҳимоя мекунад. Мо мехостем, чунин мақом ба сокинони гӯшаҳои дигари ҷангзада низ дода шавад.”

Ба иттилои Созмони Миллал, баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали имсол, беш аз 900 ҳазор нафар аз ин кишвар гурехта дар Олмон панаҳ бурдаанд. Соли гузашта ҳазорҳо сокини Афғонистон низ аз тарси Толибон ба Олмон гурехтанд.

Шариф Аюбзай, паноҳандаи афғон, мегӯяд, “байни мо ва онҳо ягон фарқ нест. Ба ҳарду бояд муносибати ҳамсон шавад. Дар кишвари онҳо ҳам ҷанг аст, дар кишвари мо ҳам.”

Бо ҳадафи гурез аз дасти Толибон ин сокинони Афғонистон роҳи хатарноку дарозеро тай карда, тариқи кишварҳои Шарқи Наздик ва Аврупо худро ба Олмон расонданд. Тибқи қоида, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мусъуланд, дархостҳоро барои паноҳандагӣ баррасӣ кунанд.

Садоқат Самсур, ки ба воситаи Булғористон вориди Олмон шудааст, мегӯяд, эҳтимол ӯро аз ин кишвар биронанд. “Дархости ман барои паноҳандагӣ рад шуд. Ба ман гуфтанд, ки бояд ба Булғористон раед, вале намехоҳам ба он ҷо баргардам,” – афзуд ӯ.

Руҳулло Ориёхил, сарбози собиқи артиши Афғонистон ҳам дар Олмон ҳамин мушкилро дорад: “Онҳо бояд парвандаҳои моро баррасӣ кунанд ва дар муҳлати кӯтоҳ ҷавоб диҳанд. Аз баррасии қазияи ман се моҳ мегузарад, ва ҳанӯз сарнавиштам номуайян аст.”

Ҳоло ин паноҳандаҳои афғон дар макони амну бехатар ҳастанд, аммо намедонанд фардо онҳоро чӣ интизор аст.