"Ҳамин хел мемонем." Вокуниш аз Тоҷикистон ба ҳушдори генерали Русия

Николай Патрушев ва Владимир Путин

Дар ҳоле ки дабири Шӯрои амнияти Русия аз машқи якҷояи нерӯҳои Амрико ва баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нигарон аст, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон мегӯяд, Маскаву Душанбе шарики стратегиянд ва "чизе ба муносибатҳо таъсир нахоҳад кард".

Тамрини ситодҳои фармондеҳии Иёлоти Муттаҳида, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Узбекистон моҳи августи имсол баргузор шуд.

Нигаронӣ аз чӣ?

Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, иддао кардааст, машқҳои муштарак "ба амрикоиҳо барои омӯзиши имкониятҳои низомии минтақа ва дақиқтар кардани ҳадафу харитаҳо лозим аст."

Ин ҳарфҳо ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи дабирони Шӯрои амнияти узви кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд садо додаанд. Пораҳоеро аз он нашрияи "Аргументы и факты" рӯзи 23-юми август нашр кард.

Хабаргузории расмии ТАСС гуфтааст, ишораи Патрушев ба машқҳои низомии "Ҳамкории минтақавӣ 22" аст, ки аз 10 то 20-уми август дар Тоҷикистон ва аз ҷониби Фармондеҳии марказии Амрико баргузор шуд.

Патрушев ҳангоми суханрониаш дар Тошканд гуфтааст: "Умедворам, кишварҳои узви СҲШ имрӯз дарк мекунанд, ки то чӣ андоза чунин ташаббусҳои амрикоиҳо ба амнияти мо хатарҳои фавқулода болое доранд."

Маълум нест, манзури Патрушев аз "хатарҳо" чӣ аст, вале ҷанги бедалели Русия дар Украина ва пуштибонии Амрико аз ҳукумати президент Владимир Зеленский боиси тезутунд шудани робитаҳои сиёсии Кремлу Кохи Сафед шудааст.

Вашингтон мададрасони асосии Украина буда, маъмурияти Ҷо Байден ба Киев дар умум ба маблағи бештар аз даҳ миллиард доллар ёрии низомӣ расондааст.

"Чизе тағйир намекунад"

Насрулло Маҳмудзода

Насрулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, рӯзи 23-юми август дар посух ба суоли Радиои Озодӣ ва дар вокуниш ба ҳушдори Патрушев гуфт: "Ман ба ҷаноби Патрушев гуфтаниам, ки мо бо Федератсияи Россия ҳамкориҳои стратегӣ дорем, ҳамин хел мемонем. Ин ягон хел ба муносибатҳои мо таъсир намерасонад."

Айни замон Тоҷикистон сиёсати "дарҳои боз"-ро пеша карда, бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Амрико ва Аврупо ҳамкории зиёде дар бахши низомӣ дорад.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, "Ҳамкории минтақавӣ 22" тамрини солонаест, ки ба таъмини субот, мубориза бо терроризм ва рушди ҳамкории Осиёи Марказию Ҷанубӣ, Амрико ва кишварҳои дигар нигаронида шудааст.

Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон, рӯзи 10-уми август ва дар оғози машқҳо гуфтааст, "тамрини мазкур ҳамчун форуме барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақаӣ, аз ҷумла вокунишҳои осоишта ба чолишҳои глобалӣ, табодули иттилоот ва ҳамкориҳои амниятӣ хидмат мекунад."

Ба иттилои сафорати Амрико, ин тамрин аз соли 2004 то аҳди пандемияи COVID-19, "ҳамасола дар яке аз кишварҳои ширкаткунанда, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳида, баргузор мешуд."