Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов имрӯз, 23-юми август, нахустин бозиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи президенти собиқи Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов дар шаҳри Тошканд бо тими Ҷопон (U-16) баргузор мекунад. Бозӣ дар варзишгоҳи Академияи “Бунёдкор” соати 16:00 оғоз меёбад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи ёдбуди Мираброр Усмонов, ки дар шаҳри Тошканд то рӯзи 27-уми август идома меёбад, дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистон, Тоҷикистон, Эрон ва Ҷопон ширкат доранд.
Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегардад. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои «Кибрай», Академияи футболи бошгоҳи «Бунёдкор», «Ҷар» ва «Пахтакор» барпо мегарданд.
Ҷоми ёдбуди Мираброр Усмонов барои футболбозони навраси тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 маҳсуб мешавад.
Зимнан, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н», ки аз 5-ум то 9-уми октябри имсол дар Душанбе сурат мегирад, бо ҳамсолонашон аз Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон рақобат мекунад.
Мусобиқаи ёдбуди Мираброр Усмонов миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола дар Тошканд
Даври 1-ум
23-юми август (сешанбе)
16:00 – Тоҷикистон (U-16) – Ҷопон (U-16). Варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»
Даври 2-юм
25-уми август (панҷшанбе)
16:00 – Эрон (U-16) – Тоҷикистон (U-16). Варзишгоҳи «Кибрай»
17:00 – Ҷопон (U-16) – Узбекистон (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»
Даври 3-юм
27-уми август (шанбе)
15:30 – Ҷопон (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»
17:00 – Узбекистон (U-16) – Тоҷикистон (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»