Сӣ сол дар Тоҷикистон буд, ҳоло гуфтаанд, ба Афғонистон баргардад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомот як сокини 49-солаи Душанберо аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум кардаанд ва амр додаанд, ки ба Афғонистон ронда шавад. Мақомот мегӯянд, ин мард Мирзогули Ҷоншоҳ, шаҳрванди Афғонистон аст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон омада, ва бо санадҳои тақаллубӣ шаҳрванди Тоҷикистон шудааст.