Рӯзҳои 20-21-уми август бозиҳои даври сездаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.
Дастаи “Файзканд”-и Восеъ дар меҳмонӣ тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи легионер Жозеф Феумба ба “Файзканд” се имтиёз овард. Футболбозони Восеъ баъди ин пирӯзӣ бо касби 21 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба ҷойи аввал баромад.
Дар бозии марказии даври сездаҳум “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар тими “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Голи ягонаро Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 29-ум ба самар расонид.
Қаҳрамони феълии Тоҷикистон – «Истиқлол» - бо касби 20 имтиёз дар ҷадвал мақоми дувумро соҳиб шудааст. Зимнан, «Истиқлол» аз ҳама камтар – 9 бозӣ – анҷом додааст. Бохт «Хатлон»-ро бо касби 19 имтиёз дар ҷадвал ду зина поин кард – ҷойи севум.
Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар майдони худ аз тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:3 мағлуб гардид, бо касби 19 имтиёз дар зинаи чаҳорум қарор дорад. Дар ҳайати “Хуҷанд” голҳоро Сергей Сканян, Ҷаҳонгир Эргашев ва Тоҳир Малодӯстов заданд. Ду голи мизбононро Ромиш Ҷалилов ва Абдухалил Боронов ба ҳадаф расонданд.
Тими “Равшан”-и Зафаробод ба дарвозаи дастаи меҳмон - “Эсхата”-и Хуҷанд - ду голи беҷавоб зад. Ҳарду голро Парвизҷон Деҳқонов ва Ҷаҳонгир Алиев дар нимаи дувуми дидор ба самар расониданд.
Бозии даври сездаҳум миёни КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Дар охири нимаи аввали дидор Вайсиддин Сафаров, бозигари КМВА, ҳисобро кушод. Дар нимаи дувуми бозӣ Амирҷон Сафаров ҳисобро баробар кард.
Бозиҳои даври чордаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷик истон рӯзҳои 2-4-уми сентябр баргузор мешаванд. 2-юми сентябр “Эсхата” бо “Регар-ТадАЗ”, 3-юми сентябр “Истаравшан” бо “Равшан”-и Зафаробод, “Равшан”-и Кӯлоб бо КМВА ва 4-уми сентябр “Хуҷанд” бо “Хатлон”, “Файзканд” бо “Истиқлол” бозӣ мекунанд.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022. Лигаи олӣ.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот баъди даври 13-ум:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
«Файзканд» (Восеъ) |
12 |
6 |
3 |
3 |
15-16 |
21 |
2 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
9 |
6 |
2 |
1 |
22-6 |
20 |
3 |
«Хатлон» (Бохтар) |
11 |
5 |
4 |
2 |
10-6 |
19 |
4 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
12 |
5 |
4 |
3 |
14-12 |
19 |
5 |
КМВА (Душанбе) |
11 |
5 |
2 |
4 |
16-16 |
17 |
6 |
“Хуҷанд” (Хуҷанд) |
11 |
4 |
4 |
3 |
11-8 |
16 |
7 |
“Истаравшан” (Истаравшан) |
12 |
4 |
2 |
6 |
16-10 |
14 |
8 |
“Эсхата” (Хуҷанд) |
12 |
3 |
2 |
7 |
16-24 |
11 |
9 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
11 |
3 |
1 |
7 |
10-15 |
10 |
10 |
«Равшан» (Зафаробод) |
13 |
2 |
4 |
7 |
11-28 |
10 |