Сахттар шудани ҷангҳо. Раҳбари Толибон дар Панҷшер ва Андароб масъулони нави низомӣ таъйин кард

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ чанд рӯз пеш эълон кард, ки 40 узви Толибонро ба асорат гирифт

Гурӯҳи Толибон, ки дар Кобул ҳукуматро дар даст дорад, барои ҷанг дар Панҷшер ва минтақаҳои сегонаи Андароби вилояти Бағлон, масъулони нави низомӣ ва амниятӣ таъйин кардааст. Аз чанд моҳ ба ин тараф дар ин минтақаҳо миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, даргириҳои сахт ҷараён дорад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон рӯзи якшанбеи 21-уми август эълон кард, ки бо фармони Ҳайбатуллоҳ Охунзода, раҳбари ин гурӯҳ, Абдулқаюм Зокир масъули умумии низомии Панҷшер ва минтақаҳои сегонаи дараи Андароби вилояти Бағлон таъйин шудааст.

Бахши дарии "Садои Амрико" Абдулқаюм Зокирро аз чеҳраҳои нисбатан норозии Толибон хондааст, ки гуфта мешавад дар як соли гузашта ба ҳошия ронда шуда буд. Ин фармондеҳи низомӣ дар солҳои гузашта масъули низомии Толибон дар ҷануби Афғонистон ва пеш аз ин муовини Вазири дифои ҳукумати Толибонро ба ӯҳда дошт. Ӯ дар даврони аввали ҳокимияти Толибон дар ҷангҳои шимол иштирок дошт ва аз сӯи нерӯҳои Абдурашид Дӯстум ба асорат афтода буд.

Ҳамчунин ба гуфтаи сухангӯи Толибон, Муҳаммад Таййиб Ҳаққонӣ низ фармондеҳи пулиси вилояти Панҷшер таъйин шудааст. Коршиносон таъйини афроди нави низомӣ дар ин минтақаҳоро ба ҷиддӣ будани муқовимат алайҳи Толибон рабт медиҳанд.

Пас аз ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи соли гузашта, Панҷшер охирин вилояте буд, ки аз сӯи ин гурӯҳ тасарруф шуд. Аммо нерӯҳои зидди Толибон дар вилояти Панҷшер ва ноҳияҳои сегонаи Андароб, вулусволиҳои Хуст, Фаранг ва бахшҳое аз вилояти Тахор ба таври пароканда ба ҷанг ва муқовимат зидди Толибон идома додаанд.

Дар тозатарин даргирӣ миёни ду тараф, ба гуфтаи сокинони ноҳияи Рухаи Панҷшер, як мошини низомии Толибон ҳадафи минаи канорироҳӣ қарор гирифтааст. Яке аз шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса субҳи якшанбе рух дод ва талафоте ҳам дар пай дошт.

Аммо Мавлавӣ Додмуҳаммад, фармондеҳи амнияти Толибон дар Панҷшер бо таъйиди ин таркиш, талафоти бархоста аз онро рад кард. Масъулияти ин ҳодисаро то ҳанӯз ҳеҷ касе ба ӯҳда нагирифтааст.

Чанд рӯз қабл ҳам дар яке аз даргириҳо миёни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва нерӯҳои Толибон дар Панҷшер 18 тан аз афроди Толибон кушта ва 40 тани дигари онҳо ба асорат афтоданд. Ҷабҳаи муқовимат баъдан эълон кард, ки шуморе аз ин асиронро озод кардааст.

Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд як сол боз дар дараҳои Панҷшер, қисматҳое аз вилоятҳои Кописо, Бағлон ва Тахор муқобили Толибон меҷангад.

Толибон рӯзи 15-уми августи соли 2021 Афғонистонро тасарруф карданд, вале то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Иҷозаи занону духтарон ба кору таҳсил, ташкили ҳукумати фарогир, пойгоҳ надодан ба террористон аз шартҳои ба расмият шинохтани ҳукумати ин гурӯҳ аст. Шартҳое, ки бо гузашти як сол Толибон онҳоро зоҳиран напазируфтаанд.