Афроде, ки дар Тоҷикистон ба ҷамъоварии писта машғуланд, имсолро соли фаровонии ин навъи мевагӣ медонанд.
Дарахти писта дар ду сол як бор ҳосили хуб медиҳад.
Бозоралӣ Раҳимов, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин), ҳамроҳ бо ҳамсараш моҳе боз ба пистачинӣ машғул аст.
Писта дар бозор аз сад сомонӣ боло нарх дорад, вале тоҷирон онро аз афроде мисли Бозоралӣ бо нархи арзонтар мегиранд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бозоралӣ ҳоло чаҳор халта, наздик ба 200 килограм, писта ғундоштааст. Ӯ пистаҳоро барои харидории сару либоси мактабӣ ба фарзандонаш мефурӯшад.
Бозоралӣ Раҳимови 42-сола ҳафт фарзанд дорад, ки дар мактаби миёна мехонанд.
Харидорон пистаи чидаи ӯро аз 50 то 60 сомонӣ нарх гузоштаанд. Ӯ бо ин нарх розӣ нест ва мехоҳад, як кило пистаро бар ивази 70 сомонӣ фурушад.
Писта аз гаронтарин навъи мевагӣ дар Тоҷикистон аст, ки нархаш бо вуҷуди фаровонҳосили маъмулан поён намешавад.
Ҳоло дар Тоҷикистон 81 ҳазор гектар пистазори худрӯй вуҷуд дорад, ки 78 ҳазори он дар вилояти Хатлон аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Писта, пахта ва либос: Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо чӣ содир мекунад? ВИДЕОМақомот: "Пистаро хом начинед". Сокинон: "Пул нест, чӣ кор кунем" ВИДЕОПистаи 900-солаи Турсунзода – Рӯйхати дарахтони пир. ВИДЕО