Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Пистаро хом начинед". Сокинон: "Пул нест, чӣ кор кунем" ВИДЕО


Мақомоти ҷангали минтақаи Кӯлоб дар мавсими имсолаи пистачинӣ 7 тонна пистаи хоми ҷамъоваришударо аз сокинони маҳаллӣ мусодира карданд. Дар баробари мусодираи ҳосили писта, масъулони ҷангал нисбати сокинон бинобар ҷамъоварии ғайриқонунии писта, 67 санад тартиб додаанд.

Масъулон: "Сокинон пистаро хом мечинанд"

Мираҳмад Давлатов, роҳбари Хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб рӯзи 24-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хабари мусодираи ҳафт тоннаи пистаи хомро аз ҷангалзорҳои Фархору Данғара тасдиқ кард.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 97 тонна писта коркард шуда, бештари он берун аз кишвар содир шудааст. Ҳоло дар Тоҷикистон 81 ҳазор гектар замини пистазор вуҷуд дорад, ки бештари ин дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир аст.

"Ҳарчанд мо мефаҳмонем, ки чидани пистаи хом қатъиян манъ аст, аммо бо ҳар роҳу восита мардуми мо пистаи хомро мечинанд. Имсол мо дар ҷангалзорҳо рейд ташкил карда, ҳудуди ҳафт тонна пистаи хомро дарёфт кардем. Агар он хушк ва пухта расад, ба 2,5 то 3 тонна баробар мешавад. Ҳарчанд хоҷагии ҷангал кор мекунад ва боздошту пистаҳоро мусодира мекунад, вале ҳамоно чидани пистаи хом мушоҳида мешавад",-гуфт мусоҳиби мо.

Ҳар килограмм пистаи хом дар ҳудуди ҷангалзор 3-4 сомонӣ арзиш дорад. Барои муқоиса, то замони ба ғурфаи бозор расиданаш пистаи пухта ба арзиши 40 то 70 сомонӣ барои ҳар килограмм баробар мешавад.

Мақомот: "Пистаро хом начинед". Сокинон: "Пул нест, чӣ кор кунем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Масъулони Хоҷагии ҷангал мегӯянд, ки ҳоло аз ҳафт тонна пистаи хоми мусодира шуда, аз он танҳо аз 2 то 3 тонна пистаи тоза баромад. Ба гуфтаи масъулон, агар ин миқдор писта пас аз пухта расидан чида мешуд, аз он то 4 тонна пистаи тоза коркард мешуд.

Худойдод Абдулов, масъули яке аз ширкатҳои иҷоракори Хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи шартнома, онҳо ҷангалзори мутааллиқ ба худро нигоҳубин мекунанд ва вақте писта пухта расид, онро чида коркард мекунанд. Ӯ гуфт, аз рӯи иттилои онҳо, пистаи хом бештар мавриди таваҷҷӯҳи соҳибкорони афғон аст.

Худойдод Абдулов дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки имсол ҳосили пистаи ҷамъоваришуда нисбати солҳои пеш "хеле кам аст", аммо дақиқ нагуфт, ки онҳо чанд тонна нисбати соли гузашта камтар писта ҷамъ овардаанд.

Пистачинӣ -- василаи рӯзгори шуморе аз сокинон дар Фархор

Ин сӯҳбатҳо дар ҳолест, ки ҷамъоварии пистаи хом барои як бахши муҳими аҳолии маҳаллӣ манбаи асосии даромад шудааст. Бисёр сокинон аз набуди кор чидани пистаро барои оилаҳои худ як василаи аслии таъмини рӯзгор медонанд.

Як сокини Фархор бидуни овардани номаш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳудуди як тонна пистаи пухта расида чида буд, аммо замоне ба дасти посбони ҷангал зад, тамоми пистаашро мусодира карданд. Ӯ мегӯяд, ки дар оғоз ва замони хом будани писта шартнома карда, барои иҷоракорон ҳудуди 500 кило писта ҷамъоварӣ намуда буд.

"Набояд иҷоза дод пистаи тоҷик рӯ ба нестӣ биёрад"

Аммо коршиносон мегӯянд, ки чунин раванд агар солҳои баъдӣ ҳам давом кунад, пистазорҳои Тоҷикистон рӯ ба нестӣ меорад. Аслиддин Достиев, хабарнигор дар Кӯлоб, ки ин мавзӯъро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, набояд иҷоза дод, ки пистаи тоҷик рӯ ба нестӣ биёрад.

Достиев гуфт, мутаассифона барои мардуми камбизоат 3-4 сомонӣ пул аст, аз ин рӯ барои маблағ шуда, пистаи хомро мечинанд, аммо намедонанд дар оянда ин писта рӯ ба нестӣ меояд.

Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ки бояд нисбати онҳое, ки пистаро хом ҷамъоварӣ намуда ва навдаву шохчаҳои ин дарахтро мешикананд, ҷазо муқаррар карда шавад.

Масъулони ҷангал ҳам мегӯянд, ки онҳо берун аз ҷангал кореро анҷом дода наметавонанд. Онҳо мегӯянд, ки бояд мақомоти гумрук содироти пистаи хомро иҷозат надиҳанд, то аз маҳвшавии пистазорҳо ҷилавгирӣ шавад.

Зимнан, соли гузашта дар Тоҷикистон 97 тонна пистаи истеҳсол шуда, бештари он берун аз кишвар содир шудааст. Ҳоло дар Тоҷикистон 81 ҳазор гектар замини пистазор вуҷуд дорад, ки бештари ин дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG