Пас аз воқеаҳои моҳи май дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва нопадид шудани фаъолон дар Маскав даҳҳо зодаи ин минтақа ба кишварҳои Аврупо муҳоҷират карданд. Радиои Озодӣ аз чанд тани онҳо пурсид, ки чаро Аврупоро интихоб карданд ва оё воқеан ҳаёти онҳо дар хатар буд? Бештари ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ аз фишор бар наздикони худ нигаронанд ва аз ифшо шудани номашон худдорӣ мекунанд.
Нуриддини 30-сола зодаи шаҳри Хоруғ се моҳ аст, ки дар Гамбург зиндагӣ мекунад. Ӯ яке аз тазоҳургарони намоиши эътирозии моҳи ноябр дар шаҳри Хоруғ буд. Баъд аз чанд моҳ ночор ба Русия рафт ва аз он ҷо роҳии Аврупо шуд.
“Касе интизор надошт, ки эътирозгарони оддӣ мавриди таъқиб қарор мегиранд, аммо вазъ бадтар шуд. Пас аз рабудани Амриддин (Аловатшоев) дар моҳи январ ман ба ин натиҷа расидам, ки мондан дар онҷо бехатар набуд ва тасмими рафтан ба Аврупоро гирифтам” - мегӯяд Нуриддин.
Ҳамсуҳбати мо аз хоки Ҷумҳурии Беларус худро ба Аврупо расондааст ва дар рӯзҳои наздик дархости паноҳандагӣ мекунад. “Мушкили қазияи ман ин аст, ки ҳеч дархосте дар мавриди ман нашудааст. Пас аз эътирозот мақомот ба падару модари ман занг заданд. Дӯстонам мегӯянд, ки номи ман ҳам дар феҳристи мақомот аст, аммо инро ба мақомоти Олмон нишон додан, фикр кунам душвор аст” - ҳадс мезанад ҳамсуҳбати мо.
Дар пайи гирдиҳамоии моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ, эътирозоти моҳи майи имсол ва воқеаҳои Рӯшон теъдоди афроди мавриди таъқиб дар Бадахшон ва хориҷ аз он ба таври бесобиқа боло рафт. Ширкаткунандагони тазоҳурот мегӯянд, новобаста аз ваъдаи афви мақомот теъдоди боздоштшудаҳо ва маҳкумон ҳамарӯза дар ҳоли афзоиш аст.
Тибқи омори ғайрирасмӣ, моҳҳои ахир беш аз дусад нафар боздошт шудаанд. Дар ин миён фаъолони зодагони Бадахшон ба монанди Амриддин Аловатшоев, Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо, ҳастанд, ки пас аз нопадид шудан дар Русия дар Душанбе пайдо шуданд.
Таҳдиди рабуда шудан
“Аз он ҷойе, ки теъдоди зиёде аз мардуми Бадахшон дар Русия зиндагӣ мекунанд, умдатан фаъолияти онҳо то воқеаҳои ахир дар Маскав мушоҳида мешуд. Моҳи ноябри соли 2021 як гирдиҳамоии бузург дар назди сафорати Тоҷикистон баргузор шуд, паёмҳои видеоӣ ба мақомоти Тоҷикистон мунташир шуданд, ҳама чиз дар доираи қонун буд. Аммо, пас аз рабуда шудани фаъолон таъқиб алайҳи ҳама оғоз шуд” - мегӯяд Сафар, яке аз фаъолони мадании Бадахшон.
Ба қавли ӯ, хеле аз онҳое, ки паёмҳои видеоӣ нашр карданд, аз рақамҳои номаълум тамос ва паёмакҳо дарёфт мекунанд. Онҳоро барои суҳбат ба идораҳои пулис даъват мекунанд ва ё мустақиман дар суҳбатҳои телефонӣ метарсонанд. “Ҳатто дар як маврид кормандони пулиси Русия ҳамроҳ бо шахсе дар либоси мулкӣ, ки бо забони тоҷикӣ суҳбат мекард, ба яке аз фаъолони мо дар назди хонааш ҳамла карданд. Гуноҳи ӯ ин буд, ки барои хонаводаҳое, ки наздиконашон захмӣ шуданд ва ё ҷон бохтанд, пул ҷамъ мекард” - мегӯяд Сафар.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, чунин вазъ бисёриҳоро маҷбур мекунад, ки кори худро монда, аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба Аврупо раванд.
Таҷрибаи шахсӣ
Орзу яке аз онҳоест, ки як моҳ қабл ба Олмон рафт ва ҳоло дар паноҳгоҳи паноҳҷӯён дар шаҳри Бавария қарор дорад. “Ман назарамро дар мавриди вазъияти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар Инстаграм ошкоро мегуфтам. Баъдан мавриди таҳдид қарор гирифтам. Мошинҳои ношиноси монанд маро дар назди хона ва ҷойҳои дигар пайгирӣ мекарданд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам аз Русия равам” - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ӯ ҳамроҳ бо панҷ тани дигар аз дӯстонаш ба шаҳри Бохум расида, дархости паноҳандагӣ кардаанд. Се нафарро ба Бавария фиристоданд ва се тани дигар дар Бохум монданд. Дар яке аз паноҳгоҳҳои шаҳри Бавария бештар аз 20 зодаи Бадахшон ба сар мебаранд. Дар маҷмӯъ, ба қавли ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, беш аз 200 зодаи Бадахшон аз Русия ба Олмон рафтаанд.
Пас аз он, ки Ҳизби наҳзати исломӣ соли 2015 созмони террористӣ эълом шуд, муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Аврупо афзоиш ёфт. Соли 2016 3210 дархост аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти паноҳандагӣ дода шудааст, ки ба унвони болотарин рақам сабт шудааст.
"Пешгӯӣ кардан хеле душвор аст"
Лейла Нозгул Саидбек, ҳомии ҳуқуқи башар ва раиси созмони ғайридавлатии Freedom for Eurasia (Freedom of Eurasia) мегӯяд, Аврупо таҳдидҳоеро, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадаанд ва мардумро маҷбур ба тарки кишварҳояшон мекунанд, нодида мегирад.
«Агар мо воқеияти вазъи онҳоро (паноҳҷӯёни бадахшониро) гирем, бояд ба онҳо паноҳгоҳ дода шавад. Азбаски онҳо ошкоро таҳдид мешаванд, аломатҳои таъқиб вуҷуд дорад, аммо пешгӯӣ кардан хеле душвор аст, ки вазъ чӣ гуна хоҳад шуд” - мегӯяд ҳомии ҳуқуқ.
Ба гуфтаи вай, огоҳии мақомоти аврупоӣ аз вазъи Бадахшон зиёд нест. Илова бар ин, мушкили кормандони муҳоҷират вуҷуд дорад, ки аз вазъи минтақа ба қадри кофӣ огоҳ нестанд ва кӯчактарин сабабҳоро баори радди дархости паноҳандагӣ меҷӯянд.
Тибқи омори Идораи Омори Иттиҳоди Аврупо Евростат аз соли 2016 то 2020 бештарин дархост аз сӯи паноҳҷӯён дар Олмон–12229, Австрия–1387, Лаҳистон–931, Швейтсия–727, Литва–491 сабт шудааст. Расонаҳои хориҷӣ ва Тоҷикистон менависанд, ки соли 2016 ҳукумати Лаҳистон ба дархости бештар аз 30 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҷавоби рад додааст. Танҳо 539 ҳаққи иқомат дар ин кишварро дарёфт кардаанд.
Соли 2017 наздик ба ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои Аврупо, аз ҷумла 1,2 ҳазор аз Олмон дархости паноҳандагӣ карданд. Аммо, мақомоти Олмон танҳо ба 264 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи паноҳандагӣ додаанд.