Шикасти "Хуҷанд" аз "Суғдиён" бо ҳисоби 0:4 дар Ҷоми AFC-2022

Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии ниҳоии минтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 дар минтақаи Марказӣ дар майдони худ аз тими «Суғдиён»-и Ҷиззах бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқат маҳрум гашт.

Бозӣ миёни ноиби қаҳрамони Тоҷикистон – “Хуҷанд” ва ҷоизадори нуқраи Суперлигаи Узбекистон – “Суғдиён” имрӯз, 17-уми август, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 5600 тамошобин баргузор шуд.

Бозӣ бо ҳуҷумҳои паиҳами меҳмонон оғоз ёфт ва онҳо дар дақиқаи 13-ум муваффақ шуданд. Капитан ё сартими “Суғдиён” Ҷасур Ҳасанови пуртаҷриба дар ҷаримагоҳи мизбонон ду ҳимоятгарро “фиреб” дод ва тӯбро аз масофаи наздик ба дарвозаи “Хуҷанд” ворид кард.

Баъди ҳашт дақиқа боз ба Ҳасанов муяссар шуд, ки голи дувумро ба самар расонад. Голи дувуми ӯ ба голи аввал монанд буд. Голи севумро Шоҳрух Нурхонов дар дақиқаи 29-ум аз масофаи дуртар, аз назди хати ҷаримагоҳ, ба ҳадаф расонд.

Дар нимаи аввали бозӣ футболбозони “Хуҷанд” якчанд вазъияти хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд.

Дар нимаи дувуми бозӣ мизбонон фаъол шуданд ва ба ҳуҷум мегузаштанд, аммо натавонистанд тӯбро ба дарвоза ворид намоянд. Меҳмонон бошанд, аз пайи ҳимояи дарвозаашон буданд ва дар мавриди зарурӣ ҳуҷумҳои ҷавобӣ мекарданд. Яке аз ҳамлаҳояшон дар дақиқаи 78-ум бо гол анҷомид. Ҷавоҳир Қаҳрамонов дар ҷаримагоҳ ба тӯб соҳиб шуд ва онро аз масофаи наздик ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб, дастаи “Суғдиён”, ки маҳорати баланд нишон дод, тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод.

Ҳамакнун ғолиби бозии ниҳоии минтақавии Ҷоми AFC-2022 дар минтақаи Марказӣ - «Суғдиён»-и Узбекистон бо роҳбарии сармураббӣ Улуғбек Бақоев барои иштирок дар нимфинали байниминтақавӣ муқобили бошгоҳи «Истерн» ба Ҳонконг меравад. Ин бозӣ 6-ум ё 7-уми сентябр доир мегардад.

Вале дастаи “Хуҷанд” таҳти роҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев аз ҳаққи идомаи мубориза дар Ҷоми AFC-2022 маҳрум шуд.

Финали байниминтақавӣ дар Ҷиззах ё Ҳонконг 5-уми октябр баргузор мешавад. Ғолиби ин бозӣ мизбони финали Ҷоми AFC-2022 мегардад, ки 22-юми октябр доир хоҳад шуд.