Бозии "Хуҷанд" ва "Суғдиён" дар Ҷоми AFC-2022

Имрӯз, 17-уми август, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бозии ниҳоии минтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 дар минтақаи Марказӣ байни бошгоҳҳои футболи «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Суғдиён» (Узбекистон) баргузор мешавад. Бозӣ миёни ноиби қаҳрамони Тоҷикистон ва ҷоизадори нуқраи Суперлигаи Узбекистон соати 15:30 оғоз меёбад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бар асоси дастури FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), дар сурати бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфтани замони асосии бозӣ ду қисми иловагии 15-дақиқаӣ таъйин карда мешавад. Агар дар замони изофа ҳам ғолиб муайян нагардад, онгоҳ дастаи пирӯз аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ маълум хоҳад шуд.

Ғолиби бозии ниҳоии минтақавии Ҷоми AFC-2022 дар минтақаи Марказӣ байни бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Суғдиён» (Узбекистон) барои иштирок дар нимфинали байниминтақавӣ муқобили бошгоҳи «Истерн» ба Ҳонконг меравад. Ин бозӣ 6-ум ё 7-уми сентябр доир мегардад.

Дар бозии дигари ниҳоии минтақавии Ҷоми AFC-2022 бошгоҳи «Моҳан Боган»-и Ҳиндустон ғолиби минтақаи Ҷанубу Шарқро пазироӣ мекунад.

Финали байниминтақавӣ дар Хуҷанд/Ҷиззах/Ҳонконг 5-уми октябр баргузор мешавад. Ғолиби ин бозӣ мизбони финали Ҷоми AFC-2022 мегардад, ки 22-юми октябри соли 2022 доир хоҳад шуд.

Дар нишасти матбуотӣ, ки 16-уми август дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, Рустам Хоҷаев, сармураббии «Хуҷанд» ва Улуғбек Бақоев, сармураббии «Суғдиён», ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки дастаҳояшон ба бозии ниҳоии минтақавии Ҷоми AFC-2022 дар минтақаи Марказӣ комилан омодаанд ва ҳар кадом барои пирӯзӣ талош хоҳанд кард.