Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, рӯзи 16-уми август дар мусобиқаи ҷудо се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар рӯзи дувуми рақобатҳо Тоҷикистонро миёни бонувон Мавлуда Одинаева (-70 кг), миёни мардон Шодмон Ризоев (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар ваҳзни -90 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) муаррифӣ карданд.
Шодмон Ризоев ба рақобат аз даври дувум пардохт ва варзишгари Тунис Ҳачем Селламиро мағлуб кард. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ Шарофиддин Болтабоеви узбекистониро шикаст дод, вале дар нимфинал аз Нугзари Таталашвили (Имороти Муттаҳидаи Араб) шикаст хурд. Шодмон дар мубориза барои медали биринҷӣ Асад Масобировро аз Қирғизистон ноком кард.
Бинобар зиёд набудани теъдоди иштироккунандагон дар вазни то 100 кило, Абубакри Акобир рақобатро аз даври чорякниҳоӣ оғоз намуда, Ислом Бозбоеви қазоқро шикаст дод. Вале дар нимфинал аз Музаффарбек Турабоеви узбек ноком шуд. Абубакр дар мубориза барои медали биринҷӣ бар Қайсар Хон аз Покистон ғолиб омад.
Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар даври якум озод буд, дар даври дувум варзишгари Эрон Бахчеғӣ Қосимро мағлуб кард, вале дар чорякфинал аз ҷудокори мизбон – Михаэл Жганк ва дар даври тасаллобахш аз ҷоизадори Бозиҳои олимпии Токио-2020 Давлат Бобонов (Узбекистон) шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқат маҳрум гашт.
Зимнан, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки бо иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, дар ҳашт рӯзи мусобиқот ҳафт медал (се медали нуқра ва чаҳор биринҷӣ) ба даст овардаанд.
Қаблан Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр бо медали нуқра сарфароз гашта буд. Ду паҳлавони тоҷик - Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 63 кило, ҳарду дар риштаи гуштии юнонию румӣ, медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд медали нуқра ба даст овард.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо касби 7 медал (3 нуқра ва 4 биринҷӣ) аз рӯи ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар байни 56 кишвар дар ҷойи 27-ум қарор дорад.
Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ баъди натиҷагирии ҳашт рӯзи рақобатҳо дар ҳисоби дастаӣ мизбонон мақоми аввалро касб кардаанд. Мунтахаби Туркия 265 медал (106 тило, 89 нуқра ва 70 биринҷӣ) гирифтааст.
Мунтахаби Узбекистон бо касби 121 медал (43 тило, 30 нуқра ва 48 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи дувум аст. Мунтахаби Эрон бо касби 116 медал (37 тило, 35 нуқра ва 44 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор дорад.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин Озарбойҷон бо касби 71 медал (22 тило, 28 нуқра ва 21 биринҷӣ), Қазоқистон - 71 медал (19 тило, 20 нуқра ва 32 биринҷӣ), Индонезия - 43 медал (12 тило, 10 нуқра ва 21 биринҷӣ), Марокаш - 38 медал (9 тило, 8 нуқра ва 21 биринҷӣ), Баҳрайн - 23 медал (9 тило, 7 нуқра ва 7 биринҷӣ), Қирғизистон бо касби 28 медал (8 тило, 7 нуқра ва 13 биринҷӣ) ва Алҷазоир – 25 медал (7 тило, 9 нуқра ва 9 биринҷӣ) дохиланд.
Умуман, то ҳоло варзишгарони 42 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 26 кишвар бо медалҳои тило сарфароз шудаанд.
Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Туркманистон бо касби 17 медал (3 тило, 4 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи 13-ум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи охирин аст.
Ба барномаи Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки то рӯзи 18-уми август идома хоҳад кард, 20 намуди варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқот оид ба панҷ намуд – варзиши сабук, тенниси рӯи миз, таэквондо, вазнабардорӣ ва гуштии варзишӣ (гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ) – иштирок карданд. Онҳо боз дар мусобиқот оид ба камонварӣ, ҷудо (сабқати дастаӣ) ва каратэ-до ширкат доранд.