"Ҳафт моҳ роҳи мо баста аст." Гузориш аз Яғноб. ВИДЕО, АКС

Ба аксари деҳоти Яғноб танҳо бо хар сафар кардан имконпазир аст.

Сокинони водии Яғноб, яке аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон, аз набудани роҳ шикоят доранд ва мегӯянд, маҷбуранд, мулки бобоиро тарк кунанд.

Ба гуфтаи сокинон, давоми сол ҳафт моҳ роҳи мошингард ба Яғноб баста аст.Мақомот гуфтанд, барои бозсозии роҳи ин водӣ феълан барномае рӯи даст нест.

“Мошин тез-тез вайрон мешавад”

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар ҷараёни сафар ба Яғноб аз роҳҳои хатарноки ин водӣ дидан карданд. Роҳи ягонаи мошингард ба самти водии Яғноб аз Анзоб оғоз мешавад. Роҳ кӯтоҳ аст ва на ҳар мошин метавонад аз он убур кунад.

Мирзошо, сокини деҳаи Марғеб, ҳамарӯза мусофиронро аз деҳаи Сарвода ба Яғноб мебарад. Мегӯяд, мошини “Опел”-аш зуд-зуд дар ин роҳ вайрон мешавад. Ин ронанда борҳо шоҳиди ба садама дучор шудани мошинҳо дар роҳи Сарвода-Яғноб шудааст. “Инҷо асосан мошинҳои “Ҷип Мусо” мегарданд. Дигар намуд мошинҳо бо азоб аз роҳ мегузаранд,”--мегӯяд Мирзошо.

Суҳбати Мирзошо дар бораи харобии роҳи Яғноб дур накашид ва то расидан ба деҳаи Марғеб оҳани чархи мошини ӯ шикаст. Бо хароб шудани нақлиёти Мирзошо, дигар худравҳо чанд соат натавонистанд аз роҳ убур кунанд.

Пули ягона кай сохта мешавад?

Аз деҳаи Сарводаи ноҳияи Айнӣ то деҳаи Марғеб, даромадгоҳи водии Яғноб 39 километр роҳ аст. Онро дар муддати қариб ду соат метавон бо нақлиёт тай кард. Баъд аз он танҳо 30 километри дигар метавон бо мошин ба дохили Яғноб рафт. Сокинони чандин деҳаи Яғноб, аз ҷумла Қул, Пискон, Крёнте, Деҳбаланд, Ғармайн ва ғайра маҷбуранд, баъд аз ин роҳи худро пиёда ё бо хару асп идома диҳанд. Хар ва асп то ҳол воситаи асосии равуо ва боркашонӣ барои бештари сокинони водии Яғноб боқӣ мондааст. Набудани роҳи муносиб зиндагии сокинонро дар ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистон мушкил кардааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Ҳафт моҳ роҳи мо баста аст"

Сафаралӣ Боқиев, сокини деҳаи Пискон мегӯяд, аз моҳи ноябр то июн ягона роҳи мошингард ба аксар деҳаҳои Яғноб баста мешавад. Ба гуфтаи Боқиев, шуруъ аз охири тирамоҳ дар Яғноб он қадар барфи зиёд мезанад, ки ҳатто равуо миёни деҳаҳоро мушкил мекунад. Ӯ гуфт, “моҳи апрел пиёдароҳ кушода мешавад ва роҳи мошин моҳҳои июн кушода мешавад.”

Як шикояти асосии сокинони чанд деҳаи Яғноб то охир сохта нашудани як пул дар назди минтақаи Даҳана аст. Як қисми ин пул дар болои дарёи Яғноб чанд сол пеш сохта шуда, як қисми масолеҳи сохтмонӣ дар наздаш истодаанд. Сокинон мегӯянд, шикоятҳои зиёди онҳо барои то охир сохтани ин пул бенатиҷа аст.

Боймурод Атовуллоев, сокини деҳаи Пискон, ба Радиои Озодӣ гуфт, маблағи зиёд лозим аст, ки пул то охир сохта шавад. “Агар ин пул сохта шавад, картошка мекорӣ ва дар ягон мошин мебарӣ ва мефурӯшӣ. Ҳозир маҷбурӣ ду халта картошкаро ба хар бор карда то пул расонӣ. Аз сабаби набудани роҳ баъзе маҳсулот пӯсида вайрон мешаванд,”--афзуд ин сокини Яғноб.

Мақомот расман дар ин бора суҳбат накарданд. Як мақомдори идораи нақлиёти вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, барои бозсозии роҳҳои Яғноб феълан ягон барномае рӯи даст надоранд. Дар ҳоле, ки сокинон гуфтанд, борҳо аз мушкили роҳ ба мақомот шикоят карданд, масъули бахши нақлиёти вилояти Суғд мегӯяд, дар ин бора шикояте дарёфт накардаанд.

"30 халта ордро даҳ бор меорем"

Сокинони деҳаи Крёнте, охирин деҳаи водии Яғноб, аз ҳама зиёд ранҷи набудани роҳро мекашанд. Як хати борики роҳ ягона масири равуо барои сокинони ин деҳаи дурдасттарини водии Яғноб аст. Дар як тарафи ин роҳ кӯҳ ва аз сӯи дигар ҷарӣ аст. Бо як беэҳтиётӣ шахс метавонад ба ҷарӣ афтад. Ин роҳ агарчӣ 8 километр тӯл дорад, вале сокинони маҳаллӣ онро дар ду соат ва меҳмонон дар 4 соат убур мекунанд. Бо вуҷуди мушкил будани роҳ, сокинони деҳаи Крёнте маҷбуранд, ба воситаи ҳамин хати борики роҳ молу маҳсулоти худро кашонанд ва худашон ҳам рафтуомад кунанд.

“Худатон дидед, ки роҳ нест. Барои як сол 30 халта орд даркор дорем, ин ордҳоро даҳ маротиба рафта меорам. Агар дар роҳ ягонҷо хар ҷар шавад, 2-3 ҳазор сомонӣ зарар мекунам. Як маротиба аз худи Анзоб орд гирифта бароварданд, ки як хар ба дарё рафт,”-мегӯяд, Хуҷамёр Муродов, як сокини деҳаи Крёнте.

Аксҳо аз водии Яғноб:

Аз табиати зебо то мушкили роҳи Яғноб

Набудани роҳи муносиб, деҳаи Крёнтеро холӣ кардааст. Ба гуфтаи сокинони водии Яғноб то даҳ сол пеш дар деҳаи Крёнте ҳудуди 30 хонавода зиндагӣ мекард, вале ҳоло танҳо 2 хонавода мондааст. Боқӣ аз ин ҷо кӯчиданд. Даҳҳо хонаи вайрон дар Крёнте шоҳиди кӯчбандии аксари сокинон аз деҳа аст.

Сохтани пул ва роҳи муносиб орзуи ҳама сокинони Яғноб аст. Бисёриҳо дар Яғноб роҳи наҷотро дар кӯчидан аз инҷо мебинанд. Ҳарчанд бархеҳо, ба монанди Шамсиддин Атобуллоев, умед доранд, ки роҳашон таъмир мешавад ва онҳо дар Яғноб мемонанд.

Водии Яғноб дар 120-километрии Душанбе, қалъае дар миёни қаторкӯҳҳои Зарафшон аст. Дар ҳоли ҳозир дар 13 деҳаи ин минтақа ҳамагӣ 500 нафар зиндагӣ мекунанд. Қаблан дар Яғноб 32 деҳа вуҷуд дошт, вале мардуми он ба ноҳияи Зафаробод, Варзоб ва атрофи Душанбе кӯч дода шуданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Оилаи иборат аз 21 нафар дар Яғноб хондаву навишта наметавонанд. ВИДЕОЯғнобро ба мамнӯъгоҳ ва "Парки Яғноб" табдил медиҳандНаврӯзи Яғноб дар Варзоб. ВИДЕООмӯзиши забони суғдӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕОЛюбомир Новак: Ман бачаи Тоҷикистону Яғнобам (ВИДЕО)