Раҳматулло Рашидов, як танӯрсоз аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аст, ки аз маҳсулоти табиӣ танӯр месозад.
Ҳоло бозорҳоро танӯрҳои сементӣ пур кардааст, вале Раҳматулло ҳанӯз ҳам бо усули қадимӣ кор мекунад.
Ӯ хоки барои сохтани танӯрро аз ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Левакант меорад. Танӯрҳои сохтаи ӯ умри тӯлонӣ доранд ва ба сиҳатии сокинон зиён намерасонад. “Таркибаш хоки сурх аст, думи гов ва пашми буз аст, ки омехта карда мехелем. Танӯрҳои мухталиф меосзем, барои нонҳои калон, мизоҷон фармоиш медиҳанд. Мо ба хости дили онҳо омода мекунем,”—гуфт ӯ.