Дар рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар Эквадор - 11-уми август - гуштигири тоҷик Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73 кило ҳунарнамоӣ кард.
Аҳмадзод рақобатро аз даври дуюм муқобили Ҳабиб Куевас аз Мексика шуруъ намуда, дастболо шуд. Дар даври дуюм Масъуд бар қаҳрамони феълии Осиё миёни ҷавонон Азизбек Ортиқов (Узбекистон) пирӯз шуд, вале дар даври чорякниҳоӣ аз ҷудокори гурҷӣ Коте Капанадзе ва дар даври тасаллобахш аз варзишгари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷек Ёнезука шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро соҳиб гашт.
Дар рӯзи сеюми қаҳрамонии ҷаҳон дар Эквадор - 12-уми август – ду гуштигири дигари тоҷик - Суннатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов, ҳарду дар вазни то 81 кило, рақобат карда, дар марҳилаи муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.
Суннатулло дар даври аввал бар Рандел Паастел аз Эстония дастболо шуд, вале дар рақобати дуюм аз Михаил Латисев (Молдова) ноком гардид. Муҳаммадҷон бошад, дар нахустин рақобаташ аз варзишгари Ҷумҳурии Чех Адам Копетский, қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон дар соли 2019, мағлуб шуд.
Аммо дар рӯзи чаҳоруми мусобиқот – 13-уми август – гуштигирони сангинвазни тоҷик – Эмомризо Анварзода (-100 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг), ки қаблан ба рӯйхати иштироккунандагони қаҳрамонии ҷаҳон шомил буданд, ширкат намеварзанд. Ба ин тартиб, дастаи ҷавонони ҷудои Тоҷикистон бо як медали тило мусобиқотро ба анҷом расонид.
Нуралӣ дар даври ниманиҳоӣ Извореану Радуро аз Молдова ноком кард ва дар финал қаҳрамони феълии Осиё миёни ҷавонон Азизбек Ортиқови узбекистониро шикаст дод.
Ҳамин тариқ, Нуралӣ Эмомалӣ барои дарёфти медали тилло соҳиби 700 имтиёз ва ҷоизаи молӣ дар ҳаҷми 2000 доллари амрикоӣ гардид. Зимнан, дар таърихи ҷудои тоҷик ин дуюмин медали тило аз қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон ба шумор меравад. Нахустин медали тилоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило моҳи октябри соли 2019 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.
Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар Эквадор дар баробари медал бо ҷоизаи молӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷойи аввал 2000 доллар, барои ҷойи дуюм - 1200 ва барои ҷойҳои сеюм 680 доллар тақдим мегардад. Инчунин барои мақоми аввал - 700 имтиёз, дуюм - 490 имтиёз ва сеюм - 350 имтиёз дода мешавад.
Ҳамакнун, рӯзҳои 15-17-уми август дастаи ҷудои Тоҷикистон иборат аз 10 нафар (7 мард ва 3 зан) дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ (5th Islamic Solidarity Games 2022), ки дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, ширкат меварзад.