Ҳоло ҳудуди 150 хонаводаи асосан лӯлитаборон дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Набуди мактаб, об ва барқи доимӣ аз мушкили аслии сокинони инҷо будааст.
Мушкили дигаре, ки сокинони лулитабори Панҷакентро домангир аст, ин надоштани шиносномаву шаҳодатномаи таваллуд будааст, ҳарчанд мақомоти маҳаллӣ вуҷуди ин мушкилро рад мекунанд.
Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон аз 18 то 20 ҳазор лӯлиён зиндагӣ мекунанд. Аммо омори ғайрирасмӣ шумораи онҳоро то 40 ҳазор нафар нишон медиҳад.
Дар шаҳри Панҷакент ҳам шумораи лӯлиёнро 2200 нафар медонанд, ки танҳо 1273 нафарашон дар китоби раиси маҳалла номнавис шудаанд. Дар қайди расмӣ сабти ном нашудани онҳо сарчашмаи мушкилоти зиёдест, ки бо гузашти солҳо роҳи ҳаллаш душвортар мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар Тоҷикистон 33 % аз беобӣ танқисӣ мекашанд. Мушкил дар ҳашт сол ҳал мешавад? ВИДЕОДар Душанбе аз беобии дигарон гуфтанду ранҷи мардуми Эсанбойро ба ёд наоварданд. ВИДЕОСокинони ду деҳаи Вахш шиква доранд, ки "хеши президент" онҳоро бе об гузошт. Мавқеи ҷониби дигар дастрас нест. ВИДЕО"Касе бошад, ки садои моро ба "боло" бирасонад"“Пудина” – Як рӯзи зиндагии духтари ҷӯгӣ дар Тоҷикистон