Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки бо иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, баъди натиҷагирии се рӯзи рақобатҳо аз рӯи ҳисоби медалҳо мизбонон мақоми аввалро касб кардаанд.
Мунтахаби Туркия 89 медал (34 тило, 30 нуқра ва 25 биринҷӣ) гирифтааст. Мунтахаби Эрон бо касби 39 медал (15 тило, 14 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар мақоми дувум қарор дорад. Мунтахаби Узбекистон бо касби 39 медал (11 тило, 10 нуқра ва 18 биринҷӣ) мақоми севумро азони худ кардааст.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин Озарбойҷон бо касби 25 медал (7 тило, 10 нуқра ва 8 биринҷӣ), Баҳрайн - 13 медал (7 тило, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ), Қазоқистон - 25 медал (6 тило, 4 нуқра ва 15 биринҷӣ), Марокаш - 17 медал (5 тило, 4 нуқра ва 8 биринҷӣ), Кувайт - 7 медал (3 тило, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ), Уганда - 9 медал (2 тило, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) ва Қатар бо касби 6 медал (2 тило, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) дохиланд.
Умуман, то ҳоло варзишгарони 35 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 20 кишвар бо медалҳои тило сарфароз шудаанд.
Ба ғайр аз Қазоқистону Узбекистон, Қирғизистон бо касби 4 медал (2 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар мақоми 11-ум ва Туркманистон бо касби як медали биринҷӣ дар ҷойгоҳи 35-ум қарор доранд. Вале мунтахаби Тоҷикистон медал нагирифтааст.
Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик, ки 48 нафаранд, дар ҳашт намуд – варзиши сабук, камонварӣ, ҷудо, каратэ-до, тенниси рӯи миз, таэквондо, вазнабардорӣ ва гуштии варзишӣ сабқат мекунанд.
Варзишгарони тоҷик дар риштаи тенниси рӯи миз бе медал монданд. Бо иштироки варзишгарони тоҷик рӯзҳои 8-12 август мусобиқаи варзиши сабук, 9-12 август - таэквондо, 10-13 август – гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ, 11-15 август - вазнабардорӣ, 13-15 август - тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд, 15-18 август - камонварӣ, 15-17 август - ҷудо ва 17-18 август мусобиқаи каратэ-до доир мешавад.
Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ҳамагӣ 6 медал (як тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо WT бо медали нуқра мукофотонида шудаанд. Ҳарчор медали биринҷиро варзишгарони тоҷик дар риштаи варзишҳои зӯрхонаӣ гирифтаанд.