Варзишгари тоҷик қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон гардид

Нуралӣ Эмомалӣ, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Гуаякили Эквадор ҷараён дорад, дар вазни то 66 кило мақоми аввалро касб кард ва бо медали тило сарфароз гашт.

Паҳлавони ҷавони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷаҳон – 10-уми август - дар даври муқаддамотӣ варзишгари Италия Валерио Акколиро мағлуб кард. Ӯ дар даври дуюм Максим Моундангаи фаронсавиро шикаст дод. Дар даври чорякниҳоӣ бар рақибаш аз Туркия Муҳаммад Демирел ғолиб омад ва ба нимфинал роҳ ёфт.

Нуралӣ дар даври ниманиҳоӣ Извореану Радуро аз Молдова ноком кард ва дар финал қаҳрамони феълии Осиё миёни ҷавонон Азизбек Ортиқови узбекистониро шикаст дод.

Вазни -66 кг
1) ЭМОМАЛӢ Нуралӣ (Tоҷикистон)
2) ОРТИҚОВ Азизбек (Узбекистон)
3) ДЕМИРЕЛ Муҳаммад (Tуркия)
3) БРАВО БЛАНКО Кими (Куба)

Ҳамин тариқ, Нуралӣ Эмомалӣ барои дарёфти медали тилло соҳиби 700 имтиёз ва ҷоизаи молӣ дар ҳаҷми 2000 доллари амрикоӣ гардид.

Зимнан, дар таърихи ҷудои тоҷик ин дуюмин медали тилло аз қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон ба шумор меравад. Нахустин медали тилоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило моҳи октябри соли 2019 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.

Дар рӯзи дуюми қаҳрамонии ҷаҳон дар Эквадор - 11-уми август - гуштигири дигари тоҷик Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73 кило ҳунарнамоӣ мекунад.

Дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Эквадор, ки то 13-уми август идома хоҳад кард, Тоҷикистонро боз чаҳор нафар - Суннатулло Лоиқов (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81 кг), Эмомризо Анварзода (-100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг) - муаррифӣ мекунанд.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар Эквадор дар баробари медал бо ҷоизаи молӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷойи аввал 2000 доллар, барои ҷойи дуюм - 1200 ва барои ҷойҳои сеюм 680 доллар тақдим мегардад. Инчунин барои мақоми аввал - 700 имтиёз, дуюм - 490 имтиёз ва сеюм - 350 имтиёз дода мешавад.