Шоми сешанбеи 9-уми август дар варзишгоҳи шаҳри Қунияи Туркия маросими ифтитоҳи Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ баргузор шуд. Дар бозиҳо 4200 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд. Ба ҳайтаи варзишии Тоҷикистон 65 нафар, аз он ҷумла 48 варзишгар, дохиланд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоыикистон, дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Албания Эди Рама, сарвазири Алҷазоир Эймен ибни Абдураҳмон, сарвазири Фаластин Муҳаммад Штийе иштирок карданд.
Маросими ифтитоҳи бозиҳо, ки бо қироати “Қуръон”-и карим оғоз шуд, бо барафрохтани парчами Туркия идома ёфт. Сипас, гузашти ҳайатҳои 56 кишвари ҷаҳон бо парчамҳои худ доир гашт.
Бояд гуфт, ки Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии варзишии ҳамбастагии исломӣ соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд, вале бо сабаби пандемия ба муддати як сол мавқуф гузошта шуд.
Дар маросими ифтитоҳи бозиҳо вазири ҷавонон ва варзиши Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои исломӣ Ҳусейн Иброҳим Таҳа, раиси Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ, шоҳзода Абдулазиз Туркӣ Ал-Файсал Ал-Сауд суханронӣ карданд.
Баъдан президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон Бозиҳои V ҳамбастагии исломиро ифтитоҳ намуда, ба ҳамаи иштироккунандагон муваффақият хост.
Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар ҳашт намуд – варзиши сабук, камонварӣ, ҷудо, каратэ, тенниси рӯи миз, таеквондо, вазнабардорӣ ва гуштии варзишӣ сабқат мекунанд.
Бо иштироки варзишгарони тоҷик рӯзҳои 8-12 август мусобиқаи варзиши сабук, 9-12 август - таеквондо, 10-13 август - гуштӣ, 11-15 август - вазнбардорӣ, 13-15 август - тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд, 15-18 август - камонварӣ, 15-17 август - ҷудо ва 17-18 август мусобиқаи каратэ-до доир хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ҳамагӣ 6 медал (як тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд.
Дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005 дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо WTF дар вазни то 54 кило бо медали нуқра мукофотонида шуданд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи майи соли 2017 дар пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку – доир гардид, 4 медали биринҷӣ гирифт.
Ҳарчор медалро варзишгарон дар риштаи варзишҳои зӯрхонаӣ ба даст оварданд. Наврӯз Арабов дар рақобатҳо дар навъҳои “санг” ва “мили сангин” соҳиби ду медали биринҷӣ шуд. Ду медали дигари биринҷиро Абдуалӣ Назаралӣ дар рақобатҳо дар навъи “чархи чаманӣ” ва Исмоил Сангов дар “каббода” гирифтанд.