Дар даври даҳуми Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон ҷараён дорад, дастаи занонаи Тоҷикистон бозиро бо тими Нигерия бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод, вале мардони шатранҷбози тоҷик аз тими Чили бо ҳисоби 1,5:2,5 мағлуб шуданд.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон дар бозӣ муқобили тими Чили Меҳриддин Шарифов ғолиб шуд, Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев бозиашро мусовӣ анҷом дод, вале Илҳоми Ҷамолиддин ва Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев шикаст хӯрданд.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот бо 5 пирӯзӣ, як мусовӣ ва 4 бохт дар байни 188 даста дар ҷойи 65-ум қарор дорад.
Аз миёни бонувони шатранҷбози тоҷик дар даври 10-ум муқобили тими Нигерия Надежда Антонова дар бозии худ пирӯз шуд, Сабрина Абророва ва Рухшона Саидова бозиҳояшонро мусовӣ карданд, вале Мутриба Ҳотамӣ мағлуб гардид. Дастаи занонаи Тоҷикистон низ 10 бозӣ анҷом дод ва бо 4 ғалаба, 2 мусовӣ, 4 бохт дар байни 162 даста ҷойи 77-умро касб кардааст.
Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки бо иштироки беш аз 1700 шатранҷбоз аз 186 кишвар дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон баргузор шудааст, имрӯз, 9-уми август, ба анҷом мерасад.
Пеш аз даври охирин дар мусобиқот миёни мардон дастаҳои Узбекистон, Арманистон ва Ҳиндустон, дар байни занон тимҳои Полша, Ҳиндустон, Гурҷистон ва Қазоқистон пешсафанд.
Бояд гуфт, ки Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот аз соли 1924 дар ҳар ду сол як маротиба доир мегардад. Соли 2018 чорабинии бузурги шоҳмот дар шаҳри Батумии Гурҷистон барпо гардида буд. Ба иллати пандемияи коронавирус солҳои 2020, 2021 Олимпиадаи ҷаҳонӣ ба таври фосилавӣ баргузор шуд.
Ба ғайр аз Олимпиада дар Ченнай 7-уми август конгресси Федератсияи байналмилалии шоҳмот ва интихоби президенти ФИДЕ барпо гардид. Нахуст барои ин мақом се номзад: раҳбари феълии созмон Аркадий Дворкович (Русия), гроссмейстер Андрей Баришполес (Украина) ва ноиби аввали президенти ФИДЕ, гроссмейстер Башар Куатли (Фаронса) мубориза бурданд.
Пеш аз овоздиҳӣ Башор Куатли ба далели дастгирии нокифояи вакилон аз номзадии худ даст кашид.
Тибқи оинномаи ФИДЕ, президенти нав бо овоздиҳии мустақими пинҳонӣ ба муҳлати чор сол интихоб мешавад.
Дар Ассамблеяи кулл 179 вакил иштирок дошт. Ба тарафдории президенти амалкунанда 157 овоз дода шуд. Ҳамин тариқ, Аркадий Дворкович бо дастгирии рекордӣ дубора ба мақоми президенти ФИДЕ интихоб гардид. Собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмот Вишванатан Ананд (Ҳиндустон) ба вазифаи ноиби аввали президент интихоб шуд.