Ду медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Қазоқистон

Дар рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё (Asian Senior Championships 2022), ки 5-уми август дар пойтахти Қазоқистон – Нурсултон – баргузор шуд, варзишгарони тоҷик ду медал – як нишони нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Паҳлавони 20-солаи тоҷик Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кило медали нуқра гирифт. Ӯ нахуст Чуанг Шанг Чинро аз Тайпеи Чин, баъдан Владимир Золоев ва Асад Масобиров, ҳарду аз Қирғизистонро шикаст дод ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале Шодмон дар финал аз Такеши Сасакии ҷопонӣ мағлуб шуда, мақоми дуюмро касб кард.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки аз ин пеш дар вазни то 73 кило ҳунарнамоӣ мекард, ин дафъа дар вазни то 81 кило рақобат намуда, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Осиё шуд.

Ӯ дар даври 1/8-ниҳоӣ бар Рамазон Аллабердиеви узбекистонӣ дастболо гардид. Вале дар чаҳорякфинал аз Такеши Сасакии ҷопонӣ ноком шуд. Сомон дар даври тасаллобахш ҷудокори муғул Эрденбайар Батзайаро шикаст дод ва барои гирифтани медали биринҷӣ бар Асад Масобирови қирғиз ғолиб омад.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило дар даври 1/8-ниҳоӣ Юнлонг Гоуро аз Чин мағлуб карда, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз ҷудокори қазоқ Дониёр Шамшаев ноком шуд. Ӯ дар даври тасаллобахш Накано Кейсейои филиппиниро шикаст дод, вале барои ба даст овардани медали биринҷӣ аз Обидхон Нуъмонови узбекистонӣ мағлуб гашт. Ҳамин тавр, Беҳрӯзи Хоҷазода мақоми 5-умро азони худ кард.

Дар рӯзи аввали мусобиқот – 4-уми август - гуштигири тоҷик Муҳаммад Маҳмадизода, ки дар вазни то 60 кило номнавис шуда буд, бинобар доштани вазни изофӣ ба сабқат роҳ дода нашуд.

Инчунин дар рӯзи аввал Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 66 кило рақобат кард. Ӯ Нитин Ҷуҳани ҳиндустониро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт, вале дар ин давр аз ҷудокори ҷопонӣ Риёма Танакаи ҷопонӣ шикаст хӯрд. Шаҳбоз дар даври тасаллобахш аз Эрхембайар Баттогтохи муғул мағлуб гардид ва имкони ба даст овардани медали биринҷиро аз даст дод. Дар натиҷа Шаҳбоз Саидаброров мақоми ҳафтумро соҳиб шуд.

Чаҳор варзишгари дигари тоҷик - Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Абубакри Акобир (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) – рӯзи шанбе, 6-уми август, вориди рақобатҳо мешаванд.

Варзишгарон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Нурсултон имкони касби имтиёзҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 доранд. Барои мақоми аввал 700 имтиёз, мақоми дувум - 490 имтиёз ва ҷойҳои севум – 350-имтиёзӣ дода мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Нурсултон 168 варзишгар (97 мард ва 71 зан) аз 17 кишвар иштирок дорад. Варзишгарон барои 15 маҷмуи медалҳо (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни занон ва рақобатҳои дастаӣ) талош хоҳанд кард.

Баъди анҷоми рақобатҳои инфиродӣ, дар рӯзи охирини мусобиқот – 7-уми август - рақобатҳои дастаӣ сурат мегирад, вале дастаи Тоҷикистон бо сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.

Ёдовар мешавем, соли 2021 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар Бишкек ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се зан ва ҳашт мард дохил буданд. Аз байни онҳо се нафар медал гирифтанд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило медали нуқра ба даст овард. Ду паҳлавони дигари тоҷик – Комроншоҳи Устопириён дар

вазни то 90 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.