"Бозгашти иҷборӣ" ва ё "рабудани мухолифон" ба қавли мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон, ба як амали роиҷи мақомоти ин кишвар табдил ёфтааст, ки ҳеч пайомади хосеро барои режими Тоҷикистон дар пай надорад.
Ба сафи мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон, ки ба таври мармуз дар Душанбе пайдо мешаванд, дар охири моҳи июл ду зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, ворид шуданд.
Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо, ки пас аз нопадид шудан дар Маскав баъд аз ду рӯз дар дасти мақомоти қудратии Тоҷикистон пайдо шуданд. Онҳо гуфтанд, ки "ба хости худашон ба Душанбе омаданд". Аммо, чанд моҳ қабл ҳар ду Вазирбековҳо бо пахши баёнияҳо дар сафҳаи шабакаҳои иҷтимоии худ эълом доштанд, ки ба хотири мавқеи сиёсиашон ҳаёти онҳо зери хатар аст ва дар Душанбе пайдо шудани онҳо ба маънии рабуда шуданашон аст.
Вазирбековҳо таъкид карданд, ки шиносномаи Русияро дар доираи қонун гирифтаанд ва қаблан ҳеч гоҳ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашуда буданд.
Мақомоти Русия ва Тоҷикистон пайдо шудани ин ду фаъоли сиёсиро шарҳ намедиҳанд. Аммо ба қавли пайвандони онҳо, ҳеч раванде дар лағви шаҳрвандии онҳо тай ва ҳукми додгоҳ низ дар хориҷ кардани онҳо содир нашудааст. Қабл аз нопадид шудан онҳо бо истифода аз шиносномаҳои русии худ аз шаҳри Екатеринбург ба Маскав парвоз доштанд. Аммо, он гунае, ки бори дигар рӯшан шуд, на набуди собиқаи ҷиноӣ ва қонуншиканӣ ва на доштани шаҳрвандии Русия наметавонанд аз пайгарди Тоҷикистон муҳофизат кунанд.
Саҳнаи тағйирнопазир
"Рабуда шудани Вазирбековҳо қабл аз ҳама таҳқири шиносномаи шаҳрванди Русия ва мақомоти шаҳрвандии Русия мебошад. Дар пасманзари корзори додани шиносномаҳои Русия дар ноҳияҳои шарқи Украина, рабудани Вазирбековҳо як тамасхури ошкор ва таҷрибаи хатарнокро мемонад. Ин қазия нишон медиҳад, ки соҳибони шиносномаҳои Русия дар як сатҳи баробар бо ҳам қарор надоранд. Касе замонат дода наметавонад, ки масалан, шаҳрвандони собиқи Украина, ки тасмими гирифтани шиносномаи Русияро гирифтанд, наметавонанд замоне ба Киев супурда шаванд. Боварнокарданист мегӯед? Вазирбековҳо ҳам, шояд, замоне ба ин андеша буданд, то он вақте, ки шиносномаҳои русии онҳоро пора карданд...", -менависад Андрей Серенко, рӯзноманигор ва коршиноси рус дар умури Афғонистон.
Ба ҳамин шеваи монанд, аммо бо риояи бархе қавонини Русия аз ин кишвар дар солҳои гуногун фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳуқуқдонҳо ба монанди Каромат Шарипов соли 2017, Иззат Амон соли 2021, фаъоли мухолиф Мақсуд Иброҳимов соли 2015 ва дигар мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки ба доштани шиносномаи Русия умед доштанд, рабуда шуданд.
Светлана Ганнушкина, мудофеи ҳуқуқи инсон аз Русия қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки агар касе мавриди хашми мақомоти Тоҷикистон қарор бигирад, мақомоти Русия ба кумакаш шитоб мекунад.
"Асос барои лағви шаҳрвандӣ комилан боварнокарданӣ аст. Мавриде буд, ки як одамро бо ҳадафи маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия бо санаи қаблӣ аз ҳамсараш ҷудо карданд, ҳарчанд зану шавҳар барои ҷудо шудан муроҷиат накардаанд. Ғайр аз ин, дар қонунгузории шаҳрвандӣ имкониятҳои нави маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ пайдо шудаанд. Масалан, агар шаҳрванд пас аз ваъдаи риояи қонунгузорӣ ва конститутсия огоҳона далелҳои нодуруст пешниҳод мекунад. Ин хеле аҷиб аст",-мегӯяд Ганнушкина. Ба гуфтаи вай, ин гуна тасмимҳо хеле зуд ва бо дар назардошти он, ки фард барои шикоят бурдан фурсат надошта бошад, гирифта мешаванд.
Масъалаи шаҳрвандӣ бар асоси эъломияи ҳуқуқи башар, ки соли 1948 тавассути Маҷмааи умумии СММ қабул шудааст, танзим мешавад. Дар банди 15-уми ин санад омадааст, "ҳеч касро наметавон худсарона аз шаҳрвандӣ маҳрум кард".
Дар ҳоли ҳозир дар Русия қонуне амал мекунад, ки бар асоси он танҳо шаҳрвандии онҳоеро метавон лағв кард, ки аз рӯи моддаҳои террористӣ ва ифротгароӣ муттаҳам шудаанд. Он ҳам дар сурате, ки шаҳрвандии онҳо аз тариқи зода нашудани дар хоки Русия дода шуда бошад. Ин қонун барои касоне, ки шаҳрвандии худро аз тариқи таваллуд дар қаламрави Русия дарёфт кардаанд, амалӣ намешавад ва дар ҳеч мавриди дигаре наметавон ин дастаи одамонро аз шаҳрвандӣ маҳрум кард.
Фурӯхтани мухолифон бе пайомад?
Сиёсатшинос аз Душанбе ба шарти ифшо нашудани номаш ба хотири амнияти худ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Русия ҳамеша мухолифони кишварҳои ИДМ-ро ҳамчун абзори фишор бар ҳукуматҳо истифода мебарад ва пас аз расидан ба ҳадафаш аз онҳо роҳи халосӣ меҷӯяд.
"Русия амалан аз майдони ҳуқуқии ҷаҳонӣ берун рафтааст ва дар марзи эълон шудани кишвари ёвари терроризм қарор дорад. Аз ин рӯ, мунтазир будани ягон пайомад душвор аст. Дар Маскав ба он, ки созмонҳои байналмилалӣ чӣ мегӯянд, эътибор намедиҳанд. Бо ин ҳол, ин рухдодҳо тасвири Русияро ба унвони кишваре, ки шаҳрвандони худро муҳофизат карда наметавонад, бармало мекунад",- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Вакили мудофеъ Валентина Чупик мегӯяд, аз назари ҳуқуқӣ дар Русия ниҳодҳое ба монанди додситонӣ, шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди раиси ҷумҳур ва Комиссияи ҳуқуқи инсон вуҷуд доранд. Аммо, ин ниҳодҳо амалан фаъолият намекунанд. "Дар кишварҳои пасошӯравӣ Кумитаи давлатии амният бо ҳама гуна номҳои нав ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва наздидавлатиро фалаҷ кардааст", - таъкид мекунад Чупик.
Пайвандони Вазирбековҳо мегӯянд, ба тамоми ниҳодҳои марбута ариза навиштаанд, вале аз ҳеч кадом ҷавоби мушаххас нагирифтаанд.
Мақомот чӣ мехоҳад?
Ба иттилои созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон, дар тӯли даҳ соли ахир даҳҳо мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон рабуда ва аз роҳи зур ба кишвар оварда шуданд. Мақомоти расмӣ чунин иттиҳомро ҳамеша рад мекунанд ва эълом мекунанд, ки афроди дар кишвар пайдо шуда бо майли худ ба Тоҷикистон омаданд.
Фаъоли сиёсӣ Шарофиддин Гадоев, ки аз Ҳоланд паноҳандагии сиёсӣ дорад, соли 2019 дар Маскав рабуда ва ба Душанбе оварда шуда буд. Аммо, ба хотири фишори бесобиқа мақомоти тоҷик маҷбур шуданд ӯро раҳо кунанд.
Ба гуфтаи Гадоев, мақомоти Тоҷикистон намехоҳанд худро ислоҳ кунанд ва мардумро маҷбур ба сукут мекунанд. "Тамоми кишварҳои муҳофизи арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон масруфи мавзӯи Украинаанд. Мақомоти Тоҷикистон хеле моҳирона аз ин фурсат истифода мекунанд ва бо ҳар роҳ аз онҳое, ки дар оянда метавонанд хатар бошанд, халосӣ меҷӯяд",-мегӯяд Гадоев.
Ба ин тартиб, Гадоев мегӯяд, мақомот саҳанаи сиёсиро аз тамоми афроди номатлуб пок мекунад, то интиқоли қудратро бе мамоният анҷом бидиҳад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, Тоҷикистон пас аз Украина кишвари дуюм аст, ки шаҳрвандонаш шиносномаи Русия гирифтаанд. Танҳо дар соли гузашта 103 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи Русия гирифтааст. Шиносномаи Русия барои бархеҳо воситаи беҳбуд кардани зиндагӣ аст. Бархеи дигар онро ба хотири эмин будан мегиранд, аммо ин ҳадаф дар бештари маврид иштибоҳ аст.