Ғалабаи занон ва нокомии мардони шатранҷбози тоҷик дар даври шашуми Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Дар даври шашуми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон ҷараён дорад, дастаи занонаи Тоҷикистон тими Суринамро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод, вале мардони шатранҷбози тоҷик аз тими Андорра бо ҳисоби 0,5:3,5 мағлуб шуданд.

Дар даври шашуми мусобиқот тими занонаи Тоҷикистон дар ҳайати Надежда Антонова, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова ва Мутриба Ҳотамӣ пирӯзӣ ба даст овард.

Ёдовар мешавем, қаблан дастаи занонаи Тоҷикистон аз тимҳои Ҳиндустон ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи 0:4 шикаст хӯрда, дар даври сеюм бар тими Арабистони Саудӣ ва дар даври чаҳорум бар тими Барбадос бо ҳисоби якхелаи 4:0 пирӯз гашта буд. Вале бонувони шатранҷбози тоҷик дар даври панҷум аз тими Ирландия бо ҳисоби 0:4 мағлуб шуданд.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар ҳайати Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов ва Илҳоми Ҷалолиддин ҳунарнамоӣ мекунад, дар даври аввал тими Ҷазираҳои Вирҷинии Бритониёро бо ҳисоби 4:0 ва тими Қазоқистонро бо ҳисоби 2,5:1,5 мағлуб карда, дар даврҳои сеюму чаҳорум аз тимҳои Словакия бо ҳисоби 0,5:3,5 ва Белгия бо ҳисоби 1,5:2,5 ноком шуд ва дар даври панҷуми мусобиқот тими Суринамро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Ҳамин тариқ, дастаҳои мардонаю занонаи Тоҷикистон дар шаш даври мусобиқот сеимтиёзӣ гирифтаанд. Тими мардонаи Тоҷикистон дар миёни 188 даста дар ҷойгоҳи 77-ум қарор дорад. Тими занонаи кишвар дар байни 162 даста мақоми 85-умро касб кардааст.

Дар даври ҳафтум, ки рӯзи ҷумъа, 5-уми август доир мегардад, дастаи мардонаи Тоҷикистон бо тими Гаити ва дастаи занонаи кишвар бо тими Исландия рақобат мекунанд. Дар маҷмуъ, ҳар як даста дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ 11 бозӣ анҷом медиҳад, ки ҳар як дидор аз чаҳор бозӣ иборат аст.

Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки бо иштироки беш аз 1700 шатранҷбоз аз 186 кишвар дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон баргузор шудааст, рӯзи 9-уми август ба анҷом мерасад.

Бояд гуфт, ки Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот аз соли 1924 дар ҳар ду сол як маротиба доир мегардад. Соли 2018 чорабинии бузурги шоҳмот дар шаҳри Батумии Гурҷистон барпо гардида буд. Ба иллати пандемияи коронавирус солҳои 2020, 2021 Олимпиадаи ҷаҳонӣ ба таври фосилавӣ баргузор шуд.