Ғуломалӣ Назаров--марде, ки бо вуҷуди маълулии худ талош мекард, барои ҳамтақдиронаш дасти кӯмак дароз кунад, дар як садамаи нақлиётӣ ҳалок шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки садама рӯзи 2-уми август дар роҳи Ёвон -Рудакӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, "ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Баҳодур Маркаеви 25-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки Ғуломалӣ Назаров идора мекард, бархурдааст." ВКД мегӯяд, дар пайи ин садама Ғуломалӣ Назаров ба ҳалокат расида, ду мусофири ӯ дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Ғуломалӣ Назаров, сокини ноҳияи Ёвон буд ва бо вуҷуди он ки худаш пойи равон надошту дасташ ҳам хуб кор намекард, барои шахсони маъюб ароба месохт. Ӯ гуфта буд, намехоҳад ҳамтақдиронаш ранҷу азоб кашанд.
Се моҳи пеш Радиои Озодӣ дар бораи сарнавишти Ғуломалии 39-сола гузориш таҳия кард. Ӯ бо ҳамсар ва се фарзандаш дар манзили иҷора дар канори Душанбе зиндагӣ доштанд.
Гузориши видеоӣ дар бораи Ғуломалиро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Асадулло Зикрихудоев, роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон рӯзи 3-юми август марги Ғуломалиро тасдиқ кард ва гуфт, дирӯз ӯро дар зодгоҳаш, ноҳияи Ёвон, ба хок супориданд. “Мактаби миёна нахонда буд, аммо чанд давраи омӯзиширо гузашта, бо мадади Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар таҳхонаи дармонгоҳе дар ноҳияи Рудакӣ дӯкон ташкил кард ва ба дигарон кумак мекард,”-гуфт ӯ.
Худи Ғуломалӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, аз оҳанпора ва таҷҳизоти кӯҳна барои маъюбон такягоҳу аробача месохт ва ройгон тақдим мекард. Ӯ гуфта буд, барои як ҷавону хоҳараш, ки имкони роҳ рафтан надоранд, аробача месозад. Маълум нест, ин корашро ба анҷом расонидааст ё не. Ғуломалӣ Назаров аз тағйир додани зиндагии ҳамтақдиронаш хушҳол буд. Он чӣ ӯро ба ташвиш меовард, муносибати, ба гуфтааш, “нобаробари ҷомеа” ба шахсони маълул буд.
Ғуломалӣ Назаров аз он шкиоят карда буд, ки 12 сол пеш, дар рӯзи издивоҷаш, ҳукумати ноҳияи Ёвон барояш қитъаи замин ваъда кард, вале онро барояш надод ва ӯ иҷоранишин аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ғуломалӣ "ғулом"-и беморӣ нашуду дасти ҳамтақдиронашро гирифт. ВИДЕО