Чаҳор бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – КМВА (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон) – рӯзи шанбе, 6-уми август, баргузор мешавад.
Се бозии дигари 1/8 финали Ҷоми миллӣ миёни дастаҳои «Эсхата» (Хуҷанд) – «Ҳосилот» (Фархор), «Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Хатлон» (Бохтар) – «Истаравшан» (Истаравшан) рӯзи якшанбе, 7-уми август, доир мегардад.
Бозӣ миёни дастаҳои «Динамо» (Душанбе) ва «Файзканд» (Восеъ) дар рӯзҳои эҳтиётии тақвим сурат мегирад. Сабабаш иштироки бозигарони «Динамо» дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2022 дар Душанбе мебошад.
Бозиҳои 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 аз як дидор иборат аст. Дар мавриди бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтани замони асосии бозӣ, ду қисми иловагии 15-дақиқаӣ таъйин карда мешавад. Агар дар замони изофа низ ғолиб муайян нашавад, онгоҳ бар асоси дастури FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ маълум хоҳад шуд.
Ҷоми Тоҷикистон-2022
1/8 финал
6-уми август (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:45
«Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод)
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ
6-уми август (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:45
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – КМВА (Душанбе)
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
6-уми август (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:45
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд)
Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»
6-уми август (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:30
«Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон)
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
7-уми август (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:45
«Эсхата» (Хуҷанд) – «Ҳосилот» (Фархор)
Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»
7-уми август (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:45
«Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳулбук» (Восеъ)
Панҷ, Варзишгоҳи марказӣ
7-уми август (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:45
«Хатлон» (Бохтар) – «Истаравшан» (Истаравшан)
Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»