Додситонии вилояти Суғд дар марги як зани 27-сола хушдоман ва дигар аъзои хонаводаи шавҳарро айбдор кардааст. Пайвандони шавҳар инро қабул надоранд.
Санъат Ғаффорова, сокини ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 29-уми июн худ ва ду кӯдаки хурдсолашро ба дарёи Сир афканда буд.
"Бо келин муносибати хуб надоштанд"
Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд дар нишасти хабариаш ба рӯзноманигорон сабаби худкушӣ кардани як зан бо ду кудакашро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба Маҳбуба Саидолимова, хушдомани ин зан ва дигар наздиконаш барои “ба худкушӣ расонидан” бо модаи 109-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. “Аз рӯзҳои аввали оиладориаш муносибати оилаи шавҳараш нисбати марҳум Ғафорова хуб набуда, мунтазам паст задани обрӯ ва шаъну эътибор аз ҷониби хушдоманаш ва дигар аъзоёни оилааш мешудааст. Баъзан мавриди латукуб ҳам қарор додаанд,”—гуфт ӯ.
Ин банди қонун аз се то панҷ соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Гумонбарон боздошт нашудаанд ва дар як суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ ба айбномаи додситонӣ вокуниш карданд.
Хушдоман айбро эътироф намекунад
Маҳбуба Саидолимова, хушдомани Санъат Ғаффорова гуфт, ҳашт моҳ бо келинаш гап намезад ва коре ба ӯ надошт. “Агар дар берун медиду салом медод, алейк мегирифтам. Лекин махсус омада ҳолпурсӣ намекард. Агар дар берун бошам, фарзандҳояшро оварда медод ва дар нишастгоҳ бозӣ медорондам. Ман барои худкушӣ карданаш айбдор нестам ва тамоман ба вай гап назадаам,”—гуфт ӯ.
Хушдомани Санъат Ғаффорова мегӯяд, худу духтараш ба бемории саратон гирифтор ҳастанд ва чанд сол боз табобати химиявӣ мегиранд. Аз ин сабаб исрор меварзанд, ки чанд вақти охир маҷоли ҷангу ҷидол бо арӯси хонаводаашонро надоштанд.
Ба қавли бархе аз ҳамсуҳбатони мо, ҳодиса замоне рух дод, ки шавҳари зан барои сафар ба Русия чиптаи ҳавопаймоӣ харид. Шавҳари Санъат Ғаффорова инро шарҳ надод.
Вақте шавҳар чиптаи самти Русия харид...
Маҳбуба Саидолимова, хушдомани ӯ гуфт, “намедонам, ки ба шавҳараш розигӣ додааст ё не. Фақат баъди маргаш фаҳмидам, ки се бор аз шавҳараш, "Ба Русия меравед-мӣ?", гуфта пурсида будаст.”
Ин арӯси хонавода моҳи декабри соли 2017 бо писари Маҳбуба Саидолимова хонадор шудааст ва аз зиндагии муштарак ду фарзанд доштанд, ки яке панҷмоҳа ва дигарӣ дунимсола буд. Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ хабар дода буд, ки ҷасади онҳоро рӯзи 30-уми июн аз атрофи заминҳои кишоварзии ҳудуди ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов пайдо карда ва ба хок супурданд.
Ҳодисаҳои худкушии занон ҳамроҳ бо фарзандони хурдсол дар Тоҷикистон бори аввал нест. Моҳи апрели соли гузашта дар Панҷакент ҷасади як занро бо се фарзанди хурдсолаш пайдо карданд. Мақомот ҳодисаро худкушӣ номиданд. Инчунин сокини деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор ҳам, соли 2018 худ ва ду кӯдакашро ба дарё андохт. Чунин ҳодисаҳо дар шаҳри Норак, Вахш ва Ёвон ҳам сабт шудаанд. Мақомот дар бархе аз ин ҳодисаҳо мардони хонаводаро бо иттиҳоми ба худкушӣ расондан боздошт карданд.
Равоншиносон мегӯянд, занон ба хотири қасдгирӣ аз хонаводаи шавҳар кӯдаконашонро бо худ қурбон мекунанд.
Тибқи омори расмӣ соли гузашта дар Тоҷикистон 518 ҳолати даст ба худкушӣ задан ё талош барои худкушӣ сабт шудааст. Ба гуфтаи мақомот, қариб нисфи шахсоне ки даст ба худкушӣ заданд, занон ҳастанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Марги Манора “пурра худкушӣ” эълон шуд, вале ҳанӯз касе ҷавобгар нестЗанҳо худро аз оташ ба об мезанандҶасади як занро бо ду тифлаш аз соҳили рӯди Сир пайдо карданд. ВИДЕО