Бурду бохти шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар Ҳиндустон

Акс аз бойгонӣ.

Дар 45-умин давраи Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки 28-уми июл дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон шуруъ шуд ва то рӯзи 10-уми август идома меёбад, беш аз 1700 шатранҷбоз дар ҳайати 350 даста иштирок дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 нафар – 6 зан ва 6 мард - дохиланд. Дар мусобиқаи занон Тоҷикистонро Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Лидия Антонова ва Саодат Одинаева (капитан ё сартим) намояндагӣ мекунанд.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон аз Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов, Илҳоми Ҷалолиддин ва Шораҳмат Ҳисориев (капитан ё сартим) иборат аст.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, дар мусобиқаи мардон шатранҷбозони тоҷик дар даври аввал тими Ҷазираҳои Вирҷинии Бритониёро бо ҳисоби 4:0 шикаст доданд. Баъдан дастаи мардонаи Қазоқистонро бо ҳисоби 2,5:1,5 мағлуб карданд, вале дар даври сеюм аз тими Словакия бо ҳисоби 0,5:3,5 ноком шуданд.

Ҳамин тариқ, дастаи мардонаи Тоҷикистон баъди натиҷагирии се даври мусобиқот бо касби ду имтиёз дар ҷойгоҳи 55-ум қарор дорад.

Дар мусобиқаи занон дастаи Тоҷикистон нахуст аз тими Ҳиндустон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд. Баъдан бонувони шатранҷбози тоҷик аз дастаи Қирғизистон низ бо ҳисоби 0:4 мағлуб шуданд ва дар даври сеюм бар тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 4:0 пирӯз гаштанд.

Ба ин тартиб, дастаи занонаи Тоҷикистон пас аз натиҷагирии се даври мусобиқот бо касби як имтиёз дар байни 163 даста ҷои 113-умро азони худ кардааст.

Дар маҷмуъ, ҳар як даста дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ 11 бозӣ анҷом медиҳад, ки ҳар як дидор аз чаҳор бозӣ иборат аст. Дар даври навбатӣ дастаи мардонаи Тоҷикистон бо тими Белгия ва дастаи занонаи кишвар бо тими Барбадос рақобат мекунанд.

Бояд гуфт, ки Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот аз соли 1924 дар ҳар ду сол як маротиба доир мегардад. Соли 2018 чорабинии бузурги шоҳмот дар шаҳри Батумии Гурҷистон барпо гардида буд. Ба иллати пандемияи коронавирус солҳои 2020, 2021 Олимпиадаи ҷаҳонӣ ба таври фосилавӣ баргузор шуд.