Аз паи "офтобу меваи ширин". Шумори ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон якбора зиёд шуд 

Манзили иҷорае дар соҳили рӯди Вахши Норак бо шеваи аврупоӣ сохта шуда чун меҳмонхона истифода мешавад

“Назар ба солҳои гузашта имсол шумори туристон аз Украинаву Русия хеле зиёд шуда, аксарашон барои ҳадди аққал як ҳафта ба дидани Тоҷикистон меоянд. Баъдан одатан сафарро дар Узбекистон идома медиҳанд”, гуфт як намояндаи ширкати туристӣ дар Тоҷикистон, ки беш аз даҳ сол аст дар ин соҳа кор мекунад. 

Ширкати туристие, ки Нодира дар он кор мекунад, ҳам барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам меҳмонҳои хориҷӣ хидмат мерасонад. Агар фурӯши билетҳои ҳавопаймо бахши муҳими даромади ин ширкатро ташкил диҳад, пешниҳоди нақшаи истироҳат дар Тоҷикистон ба хориҷиҳо яке дигар аз хадамоти онҳо мебошад. Ӯ мегӯяд, имсол ин қисми буҷаи ширкат ҳам ҷон гирифт.

“Бо чанд далел омадани меҳмонҳо ҳам зиёд шуд, - мегӯяд Нодира дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. – Аз рӯи мушоҳидаҳои мо, гап ҳам дар тамом шудани пандемия, ҳам дар шурӯи ҷанги Русия дар Украина ва ҳам дар он аст, ки оғози сол вазорати корҳои хориҷӣ барои даҳҳо кишвар сафарҳои бевиза ҷорӣ кард. Аз тарафи дигар, харҷи сафар ба Анталияву Дубай якбора қимат шуд, барои ҳамин, онҳое, ки имкони пулии камтар доранд, офтобу меваи ширини Тоҷикистонро гуфта ин ҷо омаданд”.

Соли 2022, ба ҳисобҳои мақомоти Тоҷикистон ҳам шумори ҷаҳонгардони хориҷӣ дар кишвар назар ба шаш моҳи соли гузашта қариб се баробар афзудааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз кишвар 370 ҳазор нафар дидан кард, дар ҳоле, ки солҳои пеш аз пандемия ин омори як солро ташкил медод.

Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон рӯзи 28-уми июл дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш гуфт, аз миёни шумори умумии сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон сафар карданд, 344 ҳазор нафарашонро сокинони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ё Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил дода, боқӣ 22 ҳазор нафар сайёҳон аз кишварҳои хориҷи дур, назири Амрико, Фаронса, Олмон, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар давлатҳо мебошанд. Ба гуфтаи Ҷӯразода, “сайёҳони хориҷӣ бештар ба тамошои қуллаҳои баланди кӯҳҳои Тоҷикистон, аз қабили кӯҳҳои Помир, Фон, Ҳисор” мераванд.

Ходимони ширкатҳои сайёҳии ғайридавлатӣ ҳам инро тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, ки Искандаркӯл, Норак, Қалъаи Ҳисор, Ҳафткӯл, Артуч ва дигар мавзеъҳо ба маконҳои сертамошобини хориҷиҳо табдил шудаанд. Дар миёни муҳимтарин тасмимҳое, ки меҳмонҳои хориҷиро ба сафари Тоҷикистон дилгарм мекунад, ба қавли Нодира, “офтоби гарму меваи ширин, манзараҳои табиату кӯҳаш” аст.

Харҷи начандон гарони будубош дар кишвар, мисли нархи мусоиди меҳмонхонаву ғизои хушлаззат, қимати дастраси сӯзишворӣ ва донистани забони русӣ аз дигар бартариҳои муҳими сафари Тоҷикистон номабар мешавад.

Вале, ба қавли Нодира, интиқод аз хадамоти рушднокардаву ташнобҳои касиф аз интиқодҳои доимӣ боқӣ мемонад. “Бисёрашон мегӯянд, аз замони дар фурудгоҳ поин шудан бо мушкили ташноби бад рӯбарӯ мешаванд: бисёр вақт оби равон ва коғази тоза надораду бӯи баде муҳимтро фаро мегирад. Инро ҳатман мегӯянд ва гоҳо мепурсанд, ки дар куҷоҳо мешавад ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятии дурустро истифода кард”, гуфт Нодира. Як камбудии ҷиддии дигаре, ки дар робита бо сафар ба Тоҷикистон ёд мешавад, нархи баланди билети ҳавопаймо будааст. Ин ходими ширкати сайёҳӣ мегӯяд, арзиши билети ҳавопаймоҳо ба самти Тоҷикистон хеле баланд аст ва ҳамин чиз ҳам пеши роҳи сафари бархе сайёҳонро ба Тоҷикистон мегираду бар иваз сафар ба Узбекистонро интихоб мекунанд, ки 20-30 дарсад арзонтар мешавад.

Як гарави муҳими пешрафти соҳаи туризму ҷаҳонгардӣ вазъи осудаву амн дар кишвар ба ҳисоб меравад. Ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, вақте вазъ дар кадом нуқтаи Тоҷикистон ноором шуд, ба кору даромади онҳо ҳам таъсири манфӣ мерасонад. Имсол, ба қавли Нодира, хабарҳо аз нооромиҳо дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бархе муштариҳоро ҳаросон кард ва қисме самти сафарро дигар карда, ба дидани кӯҳҳои шимоли Тоҷикистон рафтанд.

Мақомот дар Тоҷикистон, ки мехоҳанд ҷаҳонгардиро ба як бахши муҳими даромади буҷаи кишвар табдил диҳанд, мегӯянд, то ҳол мутобиқ бо Стратегияи рушди сайёҳӣ амал кардаанд, ки давраи то соли 2030-ро дар назар мегирад. Бар асоси ин барнома, дар се соли гузашта ба пешрафти зиёде даст ёфтанд. Масалан, беш аз 200 меҳмонхонаҳои хурду бузург, беш аз 50 осоишгоҳу дармонгоҳу осоишгоҳҳои зиёд сохта шудаанд. Шумори ширкатҳои сайёҳӣ ҳам зиёд шуда, беш аз 240 ададро ташкил додаанд ки аксарашон дар шаҳри Душанбе ва 49 ададашон дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҷойгир мебошанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Ду сол боз касе нест." Дар нуқтаи баландтарини Тоҷикистон ба умеди хориҷиҳо ҳастанд. ВИДЕОМарзҳо баста, меҳмонхонаҳо холӣ. Бахши сайёҳии Тоҷикистон дар чӣ ҳол аст? ВИДЕОҶаҳонгардони тоҷик ба ҷойи Анталияву Дубай ба Ҳисору Искандаркул рафтаанд. ВИДЕОСайёҳӣ дар давраи коронавирус: Мардум пул надоранд, ширкатҳо муштарӣОсоишгоҳҳоро кушоданд, аммо истироҳатгоҳҳои кӯдакон бастааст