Вазорати дифои Русия СММ ва Салиби Сурхро ба таҳқиқи куштори асирони украинии ҷанг даъват кард

Оленивка, акси маҳвораӣ аз болои зиндони таркида

Вазорати дифои Русия СММ ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурхро даъват кард, то зиндонеро, ки дар минтақаи таҳти назорати ҷудоиталабони рӯ ба Русия ҷойгир буда, дар он ҳафтаи ҷорӣ даҳҳо асири украинии ҷанг кушта шуданд, таҳқиқ кунанд.

Дар изҳороти рӯзи 31-уми июлаш вазорати дифои Русия гуфт, мутахассисони СММ ва Кумитаи байналмилалии Салиби сурхро барои анҷоми “як тафтиши бетарафонаи ҳамла ба боздоштгоҳи Оленивка даъват намуданд, ки дар он шумори зиёди асирони украинии ҷанг кушта шудаанд”. Пеш аз ин сухангӯи СММ Фарҳон Ҳақ гуфт, ки агар русҳову украиниҳо розӣ шаванд, мутахассисони СММ барои таҳқиқи ҳамлаи рӯзи 29-уми июл ба макони ҳодиса сафарбар мешаванд.

То ҳол украиниҳову русҳо ҳамдигарро дар ҳодисаи мушакборони зиндон айбдор карда гуфтаанд, ки дар ҳамла ба зиндони воқеъ дар минтақаи Донетск 53 асири украинӣ куштаву 75 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар феҳристи рӯзи 30 июл нашркардаи вазорати дифои Русия аз кушта шудани 48 ҷангии украинӣ хабар дода гуфта шудааст, ки онҳо 20 то 62-сола буданд. Русҳо иддао доранд, ки ин зиндон дар натиҷаи ҳамлаи украиниҳо бо истифода аз мушакҳои амрикоӣ таркидааст. Украиниҳо ин иттиҳомро рад мекунанд ва русҳоро гунаҳгор мекунанд, ки ба ҷудоиталабони рӯ ба Русия кӯмак карда ин ҳамларо ташкил карданд, то ки нишонаҳои шиканҷаву бадрафторӣ бо зиндониҳои украинӣ пинҳон монад.

Дар аксҳои маҳвораие, ки пеш аз ҳамлаву баъди он бардошта шудаанд, дида мешавад, ки як бинои хурде дар миёни маҷмааи маҳбасҳо дар шаҳраки Оленевка хароб карда шудааст.

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх гуфт, ки бо ҳадафи ёрӣ ба маҷрӯҳону осебдидаҳо ва интиқоли онҳо ба макони амн кӯмаки худро пешниҳод кардааст. Ин созмон гуфт, ки ҳадафи аввалиндараҷа ин аст, ки маҷрӯҳон бо ёрии зарурии тиббӣ таъмин шаванд ва ҷасади кушташудаҳо “ба таври шоиста ба хок супурда шаванд”. Баъди он ки дарёфти иҷозаи боздид аз макони фоҷеа мушкил шуд, Салиби Сурх дар изҳороте дар Твиттераш рӯзи 30 июл ёдовар шуд, ки бар асоси Эъломияи Женева, ширкатдорони ҷанг вазифадоранд, ки дастрасии Салиби Сурхро ба асирони ҷанг таъмин кунанд.

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки СММ ва Салиби Сурх вазифадор ҳастанд, ки ба ин ҳодиса вокуниш нишон диҳанд. Зеленский дар изҳороти видеоии рӯзи 30-юми июлаш гуфт: ““Ин ҷинояти ҷангӣ ва куштори дастаҷамъии украиниҳои зиндонии ҷанге буд, ки аз ҷониби русҳо махсусан анҷом дода шуд”. Ӯ гуфт, бояд ки “Русия ошкоро ҳамчун як давлати сармоягузори терроризм эътироф шавад”.

Департаменти давлатии ИМА дар як изҳороташ рӯзи 30-юми июл навишт, ки дар сӯҳбати телефониаш бо вазири корҳои хориҷии Украина Дмитро Кулеба котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар робита бо марги инсонҳо ҳамдардӣ баён кардааст. Блинкен дар сӯҳбат бо Кулеба гуфтааст, ки ИМА ӯҳдадор аст “барои бераҳмиҳое, ки нирӯҳои Русия алайҳи мардуми Украина раво дидаанд, онҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд”.

Рӯзи 29 июл Иттиҳоди Аврупо аз ин ҳодиса таконзада шуд ва бо нашри изҳороте гуфт, ки асироне, ки дар ин муассиса нигаҳдорӣ мешуданд ва, аз ҷумла, ҳомиёни корхонаи Азовстал, ки ихтиёран худро супурданд, “бар асоси қонунҳои байналмилалии башарӣ таҳти ҳимояти ҳуқуқии Русия қарор доштанд”.

Жозеп Боррелл, намояндаи аршади Иттиҳоди Аврупо “ваҳшонияти нирӯҳои мусаллаҳи Русияву тарафдорони онҳоро бо сахттарин шева” маҳкум кард.

Украина, ки аз замони шурӯи ҷанг дар таърихи 24-уми фервал ваҳшонияти Русия нисбати сокинони мулкиро маҳкум мекунад, дар феҳристе исми тахминан 10 ҳазор нафарро ба ҳайси асири эҳтимолии ҷанг ҷой кардааст. Русия иттиҳоми ҳамла ба сокинон ва муассисаҳои мулкиро рад карда гуфта гуфтааст, ки даст ба ҷиноятҳои ҷангӣ назадааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

СММ гуфт, мутахассисонаш омодаи таҳқиқи макони куштори асирони украинии ҷанг ҳастандЗеленский куштори асирони ҷангро "ҷинояти барқасдона" номидАз Кохи Сафед хостанд, Русияро “ҳомии терроризм” эълон кунад