Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Кохи Сафед хостанд, Русияро “ҳомии терроризм” эълон кунад


Кохи Сафед
Кохи Сафед

Сенати Амрико аз Кохи Сафед хост, Русияро чун кишвари пуштибони терроризм эътироф кунад.

Ба иттилои The New York Times, қарор дар ин бора рӯзи 28-уми июл ва бо ҷонибдории аъзои Сенат қабул шуд.

Дар тарҳи санад гуфтаанд, Русия барои амалҳояш дар Чеченистон, Гурҷистон, Сурия ва Украина чун кишвари ҳомии терроризм эълон шавад, “зеро сабабгори марги садҳо мардуми бегуноҳ шуд”.

Моҳи майи имсол бо чунин пешниҳод Верховная Рада ё порлумони Украина ба ҳарду палатаи Конгресси Амрико муроҷиат карда буд.

Амрико то кунун Сурия, Эрон, Куба ва Кореяи Шимолиро ба рӯйхати кишварҳои пуштибони терроризм ворид кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG