Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки аз 9-ум то 18-уми августи соли равон дар шаҳри Қунияи Туркия доир мегардад, иштироки варзишгарон аз 57 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Ба барномаи бозиҳо беш аз 20 намуди варзиш, ба монанди бадминтон, баскетбол, варзиши сабук, вазнабардорӣ, велосипедронӣ, волейбол, гуштии озод, гуштии юнонию румӣ, камонварӣ, каратэ, таэквондо WT, тенниси рӯи миз, футбол, ҳандбол, ҷудо, шамшербозӣ, шиноварӣ ва ғайра дохил аст.
Муҳаммадшо Абдуллозода, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “тибқи даъватномаи расмии Федератсияи байналмилалии ҳамбастагии кишварҳои исломӣ ва кумитаи тадорукоти панҷумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ варзишгарони мо дар ин чорабинии бузурги варзишӣ иштирок хоҳанд кард. Мо дар риштаҳои тенниси рӯи миз, варзиши сабук, таеквондо (намуди олимпӣ), гуштини озод, гуштини юнонӣ-румӣ, вазнабардорӣ, камонварӣ, ҷудо ва каратэ-до ширкат меварзем. Ба ҳайати варзишии Тоҷикистон 68 нафар (50 варзишгар, 14 мураббӣ, як табиб ва се ашхоси расмӣ – кормандони Кумитаи миллии олимпӣ - дохиланд.”
Ба гуфтаи оқои Абдуллозода харҷи сафари ҳайати варзишии Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар Туркия бар асоси шартномаи сеҷониба аз ҳисоби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияҳои миллии дахлдори варзишӣ пардохт карда мешавад.
“Мо аз варзишгаронамон дар риштаҳои варзиши сабук, таэквондои олимпӣ, гуштини озод, гуштини юнонӣ-румӣ ва ҷудо натиҷаҳои баландро чашмдорем. Бояд зикр намуд, ки дар мусобиқаи ҷудо паҳлавонони маъруфи мо, аз қабили Комроншоҳи Устопириён, Шаҳбоз Саидаброров, Сомон Маҳмадбеков ва Ҷаҳонгир Маҷидов ҳунарнамоӣ хоҳанд кард ”, - гуфт Муҳаммадшо Абдуллозода.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зимнан, Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ барои варзишгарони тоҷик бузургтарин чорабинии варзишӣ дар соли 2022 ба шумор меравад, зеро ки Бозиҳои XIX тобистонаи Осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин ба таъхир гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ҳамагӣ 6 медал (як тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд.
Дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005 дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо WTF дар вазни то 54 кило бо медали нуқра мукофотонида шуданд.
Бозиҳои II ҳамбастагии исломӣ, ки бояд моҳи апрели соли 2009 дар Эрон баргузор мешуд, ба иллати мухолифат миёни Эрону кишварҳои арабӣ дар масъалаи номи халиҷи Форс доир нагардид.
Тоҷикистон дар Бозиҳои III ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи сентябри соли 2013 дар шаҳри Палембанги Индонезия сурат гирифт, ширкат надошт.
Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи майи соли 2017 дар пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку – доир гардид, 4 медали биринҷӣ гирифт.
Ҳарчор медалро варзишгарон дар риштаи варзишҳои зӯрхонаӣ ба даст оварданд. Наврӯз Арабов дар рақобатҳо дар навъҳои “санг” ва “мили сангин” соҳиби ду медали биринҷӣ шуд. Ду медали дигари биринҷиро Абдуалӣ Назаралӣ дар рақобатҳо дар навъи “чархи чаманӣ” ва Исмоил Сангов дар “каббода” гирифтанд.