Ба иттилои дарёфтӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷониби Туркия хостааст, Парвиз Саидраҳмонов (Абу Довуд)-ро, ки мақомот "узви хатарноки ДОИШ" ном мебаранд, ба онҳо бисупорад. Масъулон расман иттилоъ намедиҳанд. Ҷониби Туркия дар бораи эҳтимоли истирдоди "Абу Довуд" чизе нагуфтааст.
Як мавзӯи суҳбати вазирон
Парвиз Саидраҳмонов, машҳур ба номи "Абу Довуд", пас аз шикасти "хилофат"-и худхондаи ДОИШ дар Ироқу Сурия аз ҷониби нерӯҳои Туркия дастгир шудааст. Бар асоси иттилои дарёфтӣ, ӯ дар паноҳгоҳи зери назари Туркия бо ҳамсар ва се фарзандаш нигаҳдорӣ мешавад.
Як манбаъ дар ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон рӯзи 29-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи истирдоди Парвиз Саидраҳмонов ҳангоми сафари вазири корҳои дохилии кишвар ба Туркия баррасӣ шудааст.
Мақомот дар ин бора иттилоъ намедиҳанд, аммо тасдиқ мекунанд, ки Рамазон Раҳимзода рӯзи 22-юми июл дар Туркия буд ва бо Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилии он кишвар, мулоқот кард. "Мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ" мавзӯи асосии суҳбати ҷонибҳо будааст.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, "истирдоди Абу Довуд яке аз масъалаҳои матраҳ дар ин мулоқот буда, ҷониби Туркия супурдани ӯро ваъда додааст." Яке аз наздикони Парвиз Саидраҳмонов низ тасдиқ кард, ки "баррасии истирдоди ӯро аз як мақомдори тоҷик фаҳмидааст".
Дар гузашта манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон камаш се бор истирдоди Абу Довудро аз Туркия хоста, аммо посухе нагирифта буд.
"Дар ҷангҳо набуд, аммо..."
Аз ҳузури Абу Довуд дар қаламрави зери назорати Туркия дар Сурия телевизиони TRT-и Туркия моҳи ноябри соли 2019 хабар дод. Дар барномае ӯро дар зиндони шаҳраки Африн нишон доданд, ки аз худ "Фирдавс" ном мебурд. Дертар манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯро дар паноҳгоҳе дар Ҷараблуси Сурия дидаанд.
Дар ин паноҳгоҳ ҳамзамон зани осетинии Саидраҳмонов ва чаҳор фарзанди ӯ (аз ду ҳамсар) нигаҳдорӣ мешаванд.
Абу Довуд ё Парвиз Саидраҳмонов дар чандин амали террористӣ дар Тоҷикистон, Русия ва Шветсия гумонбар аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Саидраҳмонов мустақим дар ҷангҳо ширкат намекард, вале бештар аз дусад нафарро барои пайвастан ба сафи ДОИШ ташвиқ кардааст.
Ӯро дар Тоҷикистон "узви хатарноки" созмони ба ном “Давлати исломӣ” ё ДОИШ медонанд. Пулиси байнулмилалии Интерпол бо дархости Русия ӯро ҷустуҷӯ дорад.
Ба иттилои расмӣ, дар солҳои 2013-2015 аз Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли ДОИШ пайвастаанд. Бисёре аз онҳо кушта ва қисме ҳам ба Тоҷикистон баргашта, ба зиндон маҳкум ё афв шуданд. То кунун беш аз 220 зану кӯдаки ҷангҷӯёнро аз Ироқу Сурия ба Тоҷикистон овардаанд.