Бозиҳои VII байналмилалии "Бачаҳои Осиё" бе иштироки варзишгарони тоҷик доир мегардад 

Акс аз бойгонӣ.

Имрӯз, 28-уми июл, дар маҷмааи консертӣ ва варзишии "Фетисов Арена"-и шаҳри Владивостоки кишвари Приморски Русия маросими ботантанаи ифтитоҳи Бозиҳои VII байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи расмии бозиҳо (www.vladivostok2022.com).

Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои VII байналмилалии варзишии “Бачагони Осиё” бо ширкати беш аз 3000 варзишгари навраси 13-16-сола аз 15 кишвар то рӯзи 8-уми август идома хоҳад кард.

Варзишгарони наврас барои 273 маҷмуи медалҳо оид ба 19 намуди варзиш: бадминтон, баскетбол 3х3, гуштии кураш, гуштии хапсагай, бокс, волейболи соҳилӣ, ҷудо, варзиши сабук, мас-рестлинг, тенниси рӯи миз, тирпарронӣ, самбо, гуштии варзишӣ (гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ), камонварӣ, рақси варзишӣ (равияи «брейкинг»), тэквондо, мини-футбол, гимнастикаи бадеӣ мубориза хоҳанд бурд.

Варзишгарони наврас аз Арманистон, Ҳиндустон, Эрон, Қирғизистон, Сурия, Тайланд, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Муғулистон, Покистон, Лубнон, Урдун, Малайзия ба маркази ҳавзаи федеролии Шарқи Дур омадаанд. Русияро ҳашт даста аз Маскав, Тотористон, Бошқирдистон, Шарқи Дур, ҳавзаҳои федеролии Сибир, Урал ва ду даста аз Приморе ҳамчун мизбон намояндагӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо варзишгарони навраси Тоҷикистон дар Бозиҳои VII байналмилалии варзишии “Бачагони Осиё” иштирок намекунанд.

Бозиҳо дар чор сол як маротиба гузаронида мешаванд. Онҳо бори аввал ба муносибати ҷашни 100-солагии ҳаракати муосири олимпӣ дар соли 1996 бо ташаббуси аввалин президенти Ҷумҳурии Саха /Ёқутистон/ Михаил Николаев баргузор шуда буданд.

Ҳадафи ин бозиҳо таблиғи ҳаракати олимпӣ дар байни кӯдакону наврасон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиши кӯдакону наврасон, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва барқарор намудани робитаҳои дӯстона байни кӯдакону наврасони кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад.

Дар тӯли 25 соли охир ҳазорҳо варзишгари ҷавон аз беш аз 30 кишвари Осиё иштироккунандаи бозиҳо гардиданд. То соли 2019 бозиҳо танҳо дар тобистон баргузор мешуданд. Пас аз бозиҳо дар Южно-Сахалинск мусобиқаҳо ба тобистон ва зимистон тақсим карда шуданд. Бозиҳо на танҳо мусобиқаҳои варзишӣ, балки барномаи бузурги фарҳангӣ ва ҷашнвораҳои эҷодиро дар бар мегиранд. Шиори бозиҳо «Аз дӯстӣ дар варзиш - ба сулхи рӯи замин» мебошад.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои

VI байналмилалии варзишии “Бачаҳои Осиё”, ки соли 2016 дар Владивостоки Русия баргузор шуд, шаш медал ба даст оварданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 20 варзишгар, аз он ҷумла ду нафарашон духтар буданд, дар чаҳор намуд – бокси занона, гуштии озод, ҷудо ва самбо ширкат карданд.

Шоҳрух Саидов дар риштаи гуштии озод дар вазни то 35 кило медали нуқра, Ҷаҳонгир Маҷидов дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило барандагони медалҳои нуқра шуданд. Дар риштаи бокси занона Сумая Қосимова дар вазни то 46 кило ва Идимоҳ Холова дар вазни то 57 кило медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Инчунин дар намуди гуштии озод Афзалшоҳи Ҳикматулло дар вазни то 50 кило ва Абубакри Акобир дар вазни то 75 кило медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.