Шатранҷбозони тоҷик барои ширкат дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ ба Ҳиндустон сафар карданд

Акс аз бойгонь.

Дастаи мунтахаби шатранҷбозони тоҷик бо роҳбарии муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Хуршед Ватанов барои иштирок дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ба Ҳиндустон сафар кард.

Ба иттилои Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби шоҳмоти кишвар 12 нафар – 6 зан ва 6 мард - дохиланд.

Дар мусобиқаи занон Тоҷикистонро Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Лидия Антонова ва Саодат Одинаева (капитан ё сартим) намояндагӣ мекунанд.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон аз Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов, Илҳоми Ҷалолиддин ва Шораҳмат Ҳисориев (капитан ё сартим) иборат аст.

45-умин давраи Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот аз 28-уми июл то 10-уми август дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон баргузор мешавад. Дар Олимпиада шумораи рекордии дастаҳо – 188 тими мардона ва 150 тими занона иштирок хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот аз соли 1924 дар ҳар ду сол як маротиба доир мегардад. Соли 2018 чорабинии бузурги шоҳмот дар шаҳри Батумии Гурҷистон барпо гардида буд. Ба иллати пандемияи коронавирус солҳои 2020, 2021 Олимпиадаи ҷаҳонӣ ба таври фосилавӣ баргузор шуд.

Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои рушди минбаъдаи шоҳмот дар Тоҷикистон мушкили асосӣ ҳал шуд.

Ӯ афзуд, "рӯзи 20-уми июли соли равон ба муносибати Рӯзи байналмилалии шоҳмот, бо ибтикори Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маркази шоҳмот ба истифода дода шуд, ки дар он наврасону ҷавонон имкон доранд ба варзиши зеҳнӣ машғул шаванд. Марказ аз толори бузург, толори хурд ва ҳуҷраҳои корӣ иборат аст. Шогирдон дар ин ҷо бозии шоҳмотро метавонанд бо забонҳои хориҷӣ омӯзанд. Ҳамчунин, дар ин марказ минбаъд мусобиқаҳои шоҳмот баргузор хоҳанд шуд"