Мақомот гуфтанд, чаро монеи овардани "Қуръон" шуданд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ сабаби роҳ надодани 13 тонна китоби "Қуръон"-ро аз Афғонистон ба Тоҷикистон шарҳ дод. Сулаймон Давлатзода рӯзи 25-уми июл дар Душанбе гуфт, “ин миқдор китоб пеш аз вуруд аз санҷиш нагузашта буд.”