Қирғизистон, кишвари маъруф дар миёни кӯҳнавардон, талош дорад, бо Қумис, нӯшокие, ки аз шири асп омода мешавад, сайёҳони бештарро ҷалб кунад. Ба бовари сокинон беҳтарин василаи қавӣ кардани бадан ин нӯшидани Қумис ва оббозӣ бо он аст.
Дар вилояти Чуй, воқеъ дар кӯҳистони Қирғизистон, сайёҳону меҳмононро бо Қумис пешвоз мегиранд. Қумис аз нӯшокиҳои маъруфи ин кишвар аст, ки аз шири асп омода мешавад.
Иброҳим ал-Шариф, ки бо дӯстонаш аз Арабистони Саудӣ барои саёҳат ба ин кишвари Осиёи Марказӣ омадааст, ин нӯшокиро тавсиф кард.
"Мо дар бораи Қумис ва Самал аз дӯстонамон шунидем. Онҳо ба Қирғизистон омада буданд. Мо ҳам тасмим гирифтем, омада ин нӯшокиро бичашем. Ман таъми онро ҳатто тасвир карда наметавонам, дар Арабистони Саудӣ, чизе монанд ба ин нест, ки ман тавонам онро муқоиса кунам.”,--гуфт ӯ.
Бархе аз меҳмонон ба шири тоза ё хом бо номи Самал бартарӣ медиҳанд. Онҳое, ки ба ин ҷо меоянд, имкон доранд, дар юрта ё хаймаҳо такя зада, аз ин нӯшокиҳои хоси қирғизӣ лаззат бубаранд ва ҳамзамон зиндагии воқеӣ дар кӯҳистонро эҳсос кунанд.
Гуламал Мамбетова ҳам ҳар тобистон кӯшиш мекунад, барои нӯшидани Қумис ба кӯҳистон равад. “Ман кӯшиш мекунам ҳар сол моҳи май– июн ба ин ҷо биёям ва шири асп бинӯшам. Мушоҳида кардам, ҳамон соле, ки ман Қумис наменӯшам, худамро заиф ҳис мекунам, вақте Қумис менӯшам, ҳатто зимистон бемор намешавам. Худамро хуб ҳис мекунам.”,--гуфт ӯ.
Масъулини фароғагоҳҳо мегӯянд, дар ин охир шумори сайёҳони рус бештар шудааст. Мақомот талош доранд, ба воситаи Қумис ё нӯшокӣ аз шири асп сайёҳиро рушд диҳанд.
Улуғбек Бектиянов, маъмури осоишгоҳи “Супара Ченкурчук” мегӯяд, “давраи табобат бо Қумис мавсимӣ аст. Дар ин мавсим аз дохил ва хориҷи кишвар, махсусан аз кишварҳои собиқи шӯравӣ, меоянд. Қумис ба тамоми бадан фоида дорад. Ҳоло барои нӯшидани Қумис ва табобат бо он меҳмонони зиёде аз кишварҳои арабӣ ва аврупову русҳо зиёд меоянд.”
Ба гуфтаи сокинон, беҳтарин василаи қавӣ кардани бадан ин нӯшидани қумус ва оббозӣ бо он аст. Ҳамчунин онро чун беҳтарин ташнашикан дар гармои тобистон медонанд. Дуйшонбу Чонотаев, фурӯшандаи Қумис мегӯяд, харидорони шири асп зиёданд. "Ҳоло дар се рӯз 200 литр Қумис мефурӯшем. Ба ин ҷо Қумиси нав ва аз шири тоза кашидашуда меорем. Ин яке аз беҳтарин нӯшокиҳои қирғизист. Он ҳеҷ зараре надорад.",--гуфт ӯ.
Қумис, бахше аз фарҳанги Қирғизҳо ҳам ҳаст. Чубе, ки барои таҳияи Қумис истифода мешавад, Бишкек ном дорад. Мегӯянд, номи пойтахти Қирғизистон ҳам аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад.
Душидани асп назар ба гов душвортар будааст. Ин маҳорати хосро талаб мекунад. Маъмулан ин кор мавсимӣ буда, дар миёнаҳои моҳи маю июл анҷом мешавад.