"8-10 оилаи русҳо мондаасту бас"
Завқибек Саломатшоеви 64-сола дувоздаҳ сол боз мудири хоҷагиии мактаби рақами 1 дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин)-и вилояти Хатлон аст. “Мизу курсӣ ва тахтаи синфро таъмиру таъмин мекунем. Бар илова, 18 зердаст дорам. Боғбонҳову фаррошҳо зери дасти ман кор мекунанд,” – нақл кард Саломатшоев.
Ӯ дар ҷое кор мекунад, ки 48 сол пеш онро хатм кардааст. Завқибек Саломатшоев зодаи шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон аст, вале дар дусолагияш хонаводаи онҳоро аз як гӯшаи сарди Тоҷикистон ба нуқтаи гармтаринаш кӯчонданд:
“Бисёриҳо ба гармии инҷо тоб наоварданду ҷон бохтанд. Дар ноҳияи Ҷайҳун арманиҳову русҳо, немисҳову булғориҳо зиндагӣ мекарданд. Аз Ғарму Ҳоит ва Бадахшон ҳам мардумро оварданд. Мо наврасиву навҷавониро бо онҳо якҷо гузаронидем, дар мактаб якҷо мехондем. Арманиҳову олмониҳо кӯчиданду рафтанд, 8-10 хонаводаи русҳо мондаасту бас.”
Аз тарки донишкада то мудири хоҷагӣ
Завқибек Саломатшоев пас аз хатми мактаб як сол дар Донишкадаи варзиш хонда, вале ба сабаби бемории модар маҷбур шудааст, онро тарк кунад: “Модарам ревматизм дошт. Мустақилона роҳ гашта наметавонист. Маҷбур шудам, донишкадаро тарк кунам, вале варзиш, бахусус баскетболро бисёр дӯст медорам.”
Соли 1980, пас аз адои хидмати ҳарбӣ, дар корхонаи истеҳсоли панир дар ноҳияи Ҷайҳун кор кардааст. “Беҳтарин панирҳоро истеҳсол мекардем. Дар ноҳия 8 фермаи чорвопарварӣ буд. Ҳамин қадар панире истеҳсол мешуд, ки то бас гуфтан. 1,5 сол кор кардам, намак дастонамро кафонд. Табибон иҷозат надоданд, ки дигар дар корхонаи истеҳсоли панир кор кунам”, - ба ёд овард ӯ.
Сипас ба сохтмони Қарадум дар Панҷи Поён рафта, солҳо онҷо будааст. Ба Туркманистону Русия ҳам ба муҳоҷирати корӣ рафтааст. Акнун 12 сол боз дар мактаб мудири хоҷагист.
Мегӯяд, солҳои охир хонандаҳо зиёд шудаву камбуди синфхона ва мизу курсӣ доранд. Ин ҳолат ташвиши мудири хоҷагиро зиёд кардааст. Ба гуфтаи Саломатшоев, “мактаби мо барои 1200 хонанда аст, аммо дар соли хониши гузашта 1870 талаба хонданд”.
“Дар баъзе аз синфҳо 30-32 хонанда мешинад. Ҳоло барои мактаб бинои нав месозанд ва ҳам дар наздикии мо мактаби нав бунёд мешавад. Мумкин аст, моҳи сентябр ба кор дарояд ва қисме аз хонандаҳо онҷо мераванд. Сарбории мо камтар мешавад”, - мегӯяд Саломатшоев.
“Дастам намерасад, ки…”
Завқибек Саломатшоев 750 сомонӣ маош ва 340 сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ дорад. Мегӯяд, ҳамсараш низ 600 сомонӣ нафақа мегирад. Дар умум, наздик ба 1700 сомонӣ, харҷи зану шавҳар ва духтарашон мешавад. Саломатшоев мегӯяд, ин маблағро ба муҳимтарин харҷҳо, аз қабили орду равғану шакару барқ сарф мекунанд.
“Бе гӯшт наметавонам, солам саг аст. Гоҳе аз мева худдорӣ мекунем. Бозор рафтам, як тарбуз 25 сомонӣ. Гуфтам, худат бихӯр! Ноҳияи мо тарбузпарвар аст, набояд тарбуз гарон бошад”, - мегӯяд Саломатшоев.
Мудири хоҷагии мактаб дар ёд надорад, ки бори охир кай ба истироҳат рафтааст. “Мефорад, ҳамроҳи ҳамсарам ба ягон истироҳатгоҳ, оҳооо, Хоҷаобигарм аст ё ҷойи дигар равам, истироҳат кунам”, - мегӯяд ӯ, вале меафзояд, ки истироҳатгоҳро ба кор дар замин иваз кардааст.
“Бист садяк замин дорам. Картошкаву ҷуворимакка ва дигар зироат мекорам. Кори замин барои ман истироҳат аст. Ҳосили замин, ба хусус картошкаро ҳам худамон мехӯрем ва ҳам барои бародарзодаҳоям ба Душанбе мефиристем”, - гуфт Саломатшоев.
“Нест, шароит нест"
Қисме аз хешовандонаш дар Хоруғ ҳастанд, ки дар солҳои гузашта ба зиёрати онҳову зодгоҳаш мерафт. Шаш соли охир ба далели гаронии роҳкирову камии музди меҳнат натавонистааст, ба Хоруғ равад.
“Нест, шароит нест. Бо ин даромад куҷо меравӣ?! Фақат роҳкиро 400 сомонӣ зиёдтар аст, рафту омад аз 800 сомонӣ бештар мешавад. Онҷо амакбачаҳо ҳастанд, дигар пайвандҳо,” -- гуфт Завқибек.
Мудири хоҷагии мактаб мегӯяд, танҳо чаҳор моҳи охир дар баробари музди меҳнат ба вай нафақа низ медиҳанд. Дар бахши иҷтимоии ноҳияи Ҷайҳун ба вай ҳушдор додаанд, ки ҳамагӣ шаш моҳ ҳақ дорад, ки нафақаву муздро якҷо бигирад. Баъд аз он бояд якеро интихоб кунад: ё кор ё нафақа!
Ин нафақахӯри коргар, ки дахлу харҷашро як-як баршумурд, дар поёни суҳбат гуфт, ки чӣ орзу дорад, вале наметавонад ба он бирасад: “Чӣ мехоҳам? Орзу дорам, як костюму шими “ашрофона” дошта бошам ва як пойафзолу кӯлоҳи хушрӯ. Пӯшаму равам Душанбе, 3-4 рӯз гардам, лекин…"
Шахсе, ки зиндагиаш танҳо ва танҳо аз ҳисоби маошу нафақа мечархад, дар Тоҷикистон чунин зиндагӣ дорад. Ба фарқ аз таблиғоти минбарҳои давлатӣ даромади моҳонаву нафақа дар Тоҷикистон ба сокинони имкони сайру саёҳат, табобату истироҳат ва пӯшидани либосҳои зеборо фароҳам намеоварад, агар бар илова фарзандонашон аз Русия ё гӯшаҳои дигари ҷаҳон пул нафиристанд.