Вазир гуфт, донишҷӯён "ихтиёрӣ" ба артиш рафтаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Садҳо донишҷӯи тоҷикро ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Вазири маориф гуфт, аксари онҳо хатмкунандаҳои бахши ҳуқуқшиносӣ буданд ва довталабона рафтанд. Гуруҳе аз донишҷӯён шикоят доштанд, ки мақомот зери фишор аз онҳо аризаву имзо гирифтаанд, то имтиҳонҳои хатмро пеш аз муҳлат супурда, ба хидмат раванд.