Ифшои 37 мавриди кори хешовандон дар идораҳои давлатӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 37 мавриди фаъолияти хешовандони наздикро дар идораҳои давлатӣ ошкор кардааст. Аксари ин парвандаҳо соҳибони мансабҳои хурди давлатиро фаро мегиранд, ки Бунгоҳи зидди фасод мегӯяд, онҳоро бартараф намуд.