Миллионҳо украинӣ, ки бо оғози ҷанги Русия ба кишварҳои аврупоӣ фирор карда буданд, ба мушкили нав дучор шудаанд. Латвия, кишвари аврупоии наздик ба Украина, эълон кард, ки дигар тавони қабули паноҳандагонро надорад, чун имкони таъмини онҳо бо манзил нест. Ин хабар гурезаҳои украиниро нигарон кардааст.
Ҳар рӯз 120 гурзеа аз хоки Украина вориди Латвия мешаванд. Валентина, паноҳандаи украинӣ, мегӯяд, "чор моҳ боз дар инҷо рӯҳан азоб мекашам. Хонаи ман дар Харков дар бомбаборон вайрон шуд. Ҷое барои рафтан надорам."
Ҳукумати Латвия мегӯяд, давоми се моҳ гурезаҳои украиниро бо хона ва хӯрокворӣ таъмин карданд. Ҳоло ёрии давлатӣ ба паноҳандагони украинӣ хеле кам шудааст. Дар Рига, пойтахти Латвия ва шаҳрҳои дигари ин кишвар дар як рӯз ба паноҳандагон танҳо 3,5 евро медиҳанд.
Нина, паноҳандаи украинӣ, мегӯяд, “нархи хонаҳо барои иҷора хеле боло рафтааст. Мо барои пардохти пули иҷора, пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ ва хӯрок пул надорем.”
Мақомоти Латвия умед доранд, ки паноҳандагон кор пайдо мекунанд ва зиндагиашонро худашон пеш мебаранд. Аксар паноҳандагон бекоранд ва шуғле дар ин кишвар наёфтаанд. Ҳоло онҳо дар ростои бесарпаноҳӣ ҳастанд.
“Мо дар хонае зиндагӣ мекунем, ки онро одамони хайрхоҳ додаанд. Соҳиби хона дар истироҳатгоҳи тобистонааш аст. Дар давоми ду-се ҳафта бояд аз инҷо кӯчем. Мушкил дар ин аст, ки ҷое барои рафтан надорем. Дигар барои мо касе чизе ваъда накардааст ва худамон бояд ҷой ёбем,” – мегӯяд паноҳандаи украинӣ Оксана.
Хонаводаҳои фирории украинӣ дар пайдо кардани роҳи ҳалли мушкил оҷиз мондаанд. Аксар гурезаҳо дастнигаранд. Ҳукумати Латвия аз сокинон хостааст, ба паноҳандагон мадад кунанд. Ҳоло на ҳама сокинон хоҳиши кумак ба гурезаҳои украиниро доранд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад