"Равшан орзуҳои зиёд дошт". Марги як марзбон дар Бадахшон

Акси Равшан Носиров

Ҳафтаи гузашта ҷасади як сарбози нерӯҳои марзбониро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба пайвандонашон додаанд. Равшан Носиров даҳ моҳ пеш аз ноҳияи Деваштич ба Ишкошим ба аскарӣ рафта буд. Пизишкон сабаби марги ӯро "норасоии шадиди кори дилу роҳҳои нафас" гуфтаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, марзбони тоҷик соати 2-и шаби 11-уми июл дар қисми ҳарбӣ ҷон бохтааст. Пайвандонаш мегӯянд, баъди зуҳри ҳамон рӯз аз бемористони ҳарбии шаҳри Душанбе ҷасадро гирифтанд ва баъди як рӯз бе ташхиси иловагӣ дар зодгоҳаш, деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич, дафн карданд.

Ҳотам Носиров, падари сарҳадбони ҷонбохта, рӯзи 18-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "як ҳафта пеш суҳбат карда будем ва гуфт, ки боз 86 рӯзи дигар мондааст. Оҳанги гуфтораш хуб буд ва аз ягон беморӣ шикоят надошт. Вай дар гузашта ба варзиши сабук шуғл меварзид ва дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб меомад. Ростӣ, намедонам чӣ шудааст?"

Бо ин вуҷуд, пайвандонаш мегӯянд, осори латукӯб ё шиканҷаро дар бадани фарзандашон мушоҳида накардаанд.

Равшан Носирови 23-сола се моҳ пеш аз даъват артиш, Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси муаллими забони англисӣ хатм карда буд. Ба гуфтаи пайвандонаш, беш аз як моҳ дар мактабҳои рақами 8 ва 49-и деҳаи Далёни Боло аз забони англисӣ дарс мегуфт. Аз рӯи қоида, муаллимоне, ки дар деҳаи дурдаст кор мекунанд, ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намегарданд, магар "бо хоҳиши худ" рафта бошанд.

Падараш мегӯяд, Равшан орзуҳои зиёд дошт. "Писарам ният дошт баъди хидмат дар Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ кор кунад ва ихтисосашро дар ин ниҳод хуб истифода намояд. Мо як духтарро ҳам дар деҳа барояш номзад карда будем ва пас аз ду моҳи аскариаш дар деҳа бояд туй барпо мекардем. Вале кори Худоро бинед, ҳамааш ранги дигар гирифт".-афзуд Ҳотам Носиров.

Марги сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои дигари ҳифзи тартиботу қонун масъалаи нав нест. "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, аз соли 2015 то 2019 ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон мегӯянд, дар аксар ҳолат дар қисмҳои ҳарбӣ наваскарон мавриди латукӯб ва зӯроварӣ қарор мегиранд. Муносибати ғайриоинномавӣ дар қисмҳои низомӣ, ба гуфтаи онҳо, ба як раванди маъмулӣ табдил шудааст. Мақомот мегӯянд, солҳои охир назорат дар қисмҳои ҳарбӣ сахттар ва мавридҳои бадрафторӣ дар муқоиса бо гузашта камтар шудааст.