Боздошти хабарнигорон ва блогерҳо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ дар ду моҳи гузашта ва бозпурсии чанд хабарнигори дигар чӣ ҳадаф ва оқибат дорад?
Тарсонидани хабарнигорону таҳти назорати комил гирифтани матбуоти мустақил дар Тоҷикистон? Чаро мақомоти Тоҷикистон ҳамчунон хомӯш ҳастанд ва намегӯянд, ки сабаби боздошти хабарнигорону блогерон чист? Дар барномаи Гапи озод ин дафъа ҳамин мавзуъро дар миён гузоштем ва бо Нуриддин Қаршибоев раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Ҷамшед Ёров вакили мудофеъ ва раиси Бунёди Бузургмеҳр дар хориҷи кишвар.
Чанд иқтибос аз барнома:
Нуриддин Қаршибоев: “Ман фикр мекунам, ки ин иқдом ба пуррагӣ таҳти контрол гирифтани афкори ҷомеа дар кишвар аст. Ҳоло аз ин амал бурд кардани мақомоти кишварро ҳеҷ касе кафолат намедиҳад. Чун ин иқдом ҳатман вокуниши манфии ҷомеаи байналмилалиро ба вуҷуд меорад, ки ба обрӯи Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.”
Ҷамшед Ёров: “Назари ман ин аст, ки мақомот бо ин рафтори худ сензураро ҷорӣ карданӣ ҳастанд, ҷорӣ ҳам карданд, ҳарчанд Қонуни асосии кишвар сензураро манъ кардааст. Блогерҳову рӯзноманигороне, ки дар аввали барнома зикр кардед, вазифаи худро иҷро мекарданд ва мерафтанд, ба маҳаллаҳое воқеан масъала ҷой дорад ва бо масъулон суҳбат мекарданд ва роҳи ҳалро дар миён мегузоштанд. Пас ин шеваи амали мақомот сензура аст, то афкори ҷомеа таҳти назорат бошад.”
Нуриддин Қаршибоев: “Ҳарос аз журналистҳо дар миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷой дорад, вале ман ба камфаъолиятӣ айбдор кардани журналистҳоро қабул надорам. Ман ба ҷойи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон чизе гуфтанӣ нестам, вале созмони мо НАНСМИТ дар ҳар шароит агар рӯзноманигорон барои ҳифзи ҳуқуқашон муроҷиат кунад, кумаки худро дареғ намедорем, машварат медиҳем, роҳи дуруст бар асоси қонунгузориро нишон медиҳем. Дар ҳафтаи гузашта се рӯзноманигор ба мо муроҷиат карданд, мо ба онҳо маслиҳати ҳуқуқӣ додем.”
Ҷамшед Ёров: “Дар миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афроди тасодуфӣ зиёд ҳастанд ва онҳо ба хотири нишон додани садоқати худ ба роҳбаронашон чунин амалҳои ғайриқонунӣ анҷом медиҳанд ва ба қонунҳои кишвар аҳамият намедиҳанд.”
Барномаро инҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад